Борандагии шадид дар Ҷакарто-пойтахти Индонезия муҷиби омадани сели азим шуд. То кунун аз марги 21 нафар гузориш дода шудааст. Мақомот мегӯянд ин шадидтарин борандагӣ зарфи 24 соли охир будааст. Созмонҳои ҳавошиносӣ, иқлимшиносии Индонези гуфтаанд, ки як истгоҳи ҳавошиносӣ дар фурудгоҳи Ҷокартои шарқӣ 377 миллиметр борандагӣ дар як рӯзро сабт кардааст. Ин болотарин мизони бориш дар як рӯз аз соли 1996 то кунун аст. Ин созмон гуфтааст, ки “бориши шаби соли нав як борандагии одӣ набуд...”
Дар дигар нуқтаҳои Ҷакартои шарқӣ мизони борандагӣ 335 миллиметр буд. Борони шадид сабаби рониши замин дар гӯшае аз шаҳр шудааст. Дар нуқоти наздиктар ба маркази шаҳр хонаҳо зери об монданд.
Мақомот гуфтаанд, ки иллати марги одамон сармозадагӣ, зери лой мондан дар рониши замин ва ғарқ шудан дар селоб буд. Синни ҳалокшудагон дар ин офати табиӣ аз 8 то 82 будааст. Онҳо мегӯянд дар Индонезия ин бадтарин омори марг бар асари сели азим аз соли 2013 аст. Он замон дар сел 47 нафар ҷон бохта буданд.
Ҳукуматдорони маҳаллӣ хабар додаанд, ки зарфи як шабонарӯз беш аз 30 ҳазор нафар ба ҷойи амн кӯчонида шуданд.
Гуфта мешавад, ки дар чунин вақти сол омадани сел дар Индонезия ва бахусус дар Ҷакарто як ҳодисаи маъмулӣ аст ва он ҳамасола ба ҷони одамон таҳдид мекунад. Ин аст, ки ҳукумати Индонезия тасмим гирифтааст зарфи чанд соли оянда пойтахти кишварро ба ҷазираи Калимантан кӯчонад. Сохтмони пойтахти нав қарор аст аз 2021 оғоз шавад ва соли 2024 аввалин идораҳои давлатӣ ба он кӯч банданд.