Activities calendar

31 январи 2020

Короновируси чинӣ: Аз дирӯз то имрӯз чӣ гузашт?

Короновирус

Шумори мубталоён ба вируси коронои чинӣ аз дирӯз то ба субҳи имрӯз аз 7 ба 10 ҳазор нафар расидааст ва 212 нафар бар асари сирояти ин беморӣ ҷон додаанд. Ҳамаи афроди фавтида дар қаламрави Чин буда, аз мамолики дигар ин гуна иттило нарасидааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи панҷшанбе мақомоти  Чин шумори ҳалокшудагонро 170 нафар эълон карда буданд. Субҳи имрӯз хабар расид

Суҳбати муфид дар атрофи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ

30 январи соли 2020 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти намояндаи Кумитаи Марказии иҷроияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон Ҳамидиён Илҳомҷон Иномзода бо ҳайати шахсӣ баргузор шуд, ки дар он Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди суҳбат қарор гирифт. 

Баргузории давраи омӯзишӣ дар вилояти Хатлон

Бар асоси Нақшаи дохилиидоравии Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон дар соли 2020 давраи омӯзиш барои намояндагони як қатор идораҳои вилоят, ки масъули мудофиаи гражданӣ мебошанд, баргузор шуд.

Ин давраи омӯзишӣ аз дарсҳои лексионӣ иборат буд, ки онро кормандони Раёсат бо истифода аз видеороликҳо гузарониданд. 

Вохурӣ дар Раёсати Кумита дар ВМКБ

Дар асоси нақшаи кории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар  ВМКБ оид ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва маълумотнок намудани ҳайати шахсии Раёсат оид ба сиёсати пешгирифтаи давлат ва ҳукумат, санаи 30-юми январи соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Раёсат ҷамъомад вобаста ба ироа ва фаҳмонда додани нуқтаҳои Паёми Асосгузори Сулҳу Ваҳдат ...