Короновируси чинӣ: Аз дирӯз то имрӯз чӣ гузашт?

Короновирус

Шумори мубталоён ба вируси коронои чинӣ аз дирӯз то ба субҳи имрӯз аз 7 ба 10 ҳазор нафар расидааст ва 212 нафар бар асари сирояти ин беморӣ ҷон додаанд. Ҳамаи афроди фавтида дар қаламрави Чин буда, аз мамолики дигар ин гуна иттило нарасидааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи панҷшанбе мақомоти  Чин шумори ҳалокшудагонро 170 нафар эълон карда буданд. Субҳи имрӯз хабар расид, ки як мубтало ба ин вирус дар шаҳри Чикагои ИМА шиносоӣ шудааст. Танҳо дар вилояти Ҳубейи Чин бар асари сирояти короновирус 42 нафар ҷон доданд. Дар айни замон 32 ҳазору 340 нафар баъди иртиботашон бо одамони сироятшуда мавриди ташхис қарор гирифтаанд.  Бино ба иттилои нав то ҳол дар бемористонҳои Чин 804 бемор ҳоли вазнин доранд ва 290 нафар ҳолашон хеле вазнин ва наздик ба марг аст.

Дар охирин ҷаласаи худ Созмони ҷаҳонии тандурустӣ вазъияти изтирорӣ эълон кард ва ин ба он маъност, ки хатари короно меафзояд ва он метавонад барои кулли кишварҳои олам таҳдиди пурхатар бошад. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тавсия намедиҳад, ки ба омаду рафати одамон ва вуруди мол маҳдудиятҳо ҷорӣ шавад. Вале ширкатҳои азиме чун  Google, IKEA, Starbucks ва Tesla мағозаву дуконҳои худро бастанд ва ҳама гуна амалиётҳои тиҷоратиро мутаваққиф сохтанд. 

Вазорати умури хориҷии ИМА  Чинро ба рӯйхате дохил кард, ки шаҳрвандонаш аслан набояд ба он сафар кунанд. “Аз сабаби густариши вируси нав ба Чин наравед”.- гуфта шудааст дар баёнияи Департаменди давлатии ИМА. Ҳамчунин аз шаҳрвандони худ дар Чин хостааст ба зудӣ ин кишварро тарк кунанд. Аз ин пештар ИМА барои қисман аз Чин хориҷ кардани намояндаҳои дипломатии худ хабар карда буд. 

Дар кишварҳои мухталифи олам (берун аз хоки Чин) зиёда аз 100 нафарро чун мубтало ба вируси корона ба қайд гирифтаанд. Дар умум ҳоло ин вирус дар 18 мамлакати олам мушоҳида шудааст.

Дар обҳои наздикии шаҳри Руми Италия як киштии бузурги тафреҳӣ бо бештар аз шаш ҳазор мусофир нигоҳ дошта шудааст ва ба мусофирони он иҷозат намедиҳанд, ки аз киштӣ ба соҳил қадам монанд.  Гуфта мешавад, ки масъулоти беҳдоштии Италия ҳоло як мусофири чинии ин киштиро мавриди ташхис қарор медиҳанд. Мақомот дирӯз эълон кардаанд, ки мусофирони ин киштӣ то замони муайян шудани натиҷаи ташхиси аввалия ҳақи поин шудан аз киштиро нахоҳанд дошт.

Дар ҳамин хабар гуфта шудааст, ки як зани 53-солаи чинӣ бо ҳамсараш аз кулли мусофирон ҷудо шуданд, вале ташхиси аввалияи онҳоро манфӣ эълон шудааст.

То кунун парвозҳои чанд ширкати бузурги ҷаҳонӣ ба Чин пурра лағв шудааст. Русия марзҳояшро ба рӯйи шаҳрвандони Чин бастааст ва ба чиниҳо барои вурудашон ба ин кишвар раводид намедиҳад. Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфтааст, ки манъи раводид ба чиниҳо иқдоми муваққатӣ аст ва ба муҷарради беҳ шудани вазъ он аз сар гирифта мешавад.