Activities calendar

24 январи 2020

Заминларза дар Тоҷикистон: Дар Душанбе 2 балл, дар Лахш 5 балл

Соати 12:09 24-уми январи соли 2020 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази он 260 км дар қисмати шимолу шарқии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Лашх буд.

Қувваи заминларза дар маркази он ҷамоати деҳоти Лахши ноҳияи Лахш 5 баллро ташкил дод, дар шаҳри Душанбе он 2 балл буд.

Нигарониҳои олам дар мавриди сирояти вируси маргбор дар Чин. Тоҷикистон мегӯяд ягон мубталои онро ба қайд нагирифтааст

Ҳукуматдорони Чин талош мекунанд аз густариши вируси маргбор, ки то кунун ҷони 25 танро гирифтаву ба он  беш аз 830 нафар сироят шудаанд, ҷилавгирӣ намоянд. Ин вирус ҳоло ба қаламрави ИМА, Таиланд ва Куриёи Ҷанубӣ низ ворид шудааст. Аммо Тоҷикистон, ки яке аз ҳамсоягони Чин мебошад, расм ан эълон кард, ки ягон нафар аз сокинон ба ин вирус сироят нашудаанд, аниқтараш ин гуна ҳодиса ба қайд гири фта нашудааст.