Заминларза дар Тоҷикистон: Дар Душанбе 2 балл, дар Лахш 5 балл

Соати 12:09 24-уми январи соли 2020 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази он 260 км дар қисмати шимолу шарқии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Лашх буд.

Қувваи заминларза дар маркази он ҷамоати деҳоти Лахши ноҳияи Лахш 5 баллро ташкил дод, дар шаҳри Душанбе он 2 балл буд. 

Аз вайрониву харобиҳои ин зилзила дар Тоҷикистон гузориш нарасидааст.