Activities calendar

10 январи 2020

Теъдоди кушташудагон дар сӯхторҳои азими Австралия ба 27 нафар расид (ВИДЕО)

Чорумин моҳ аст, ки Австралия дар иҳотаи дуду оташ мондааст, то ин замон бештар ним миллиард ҷонварон, ҳазорон гектар бешазорон ва заминҳои кишт, ҳазорон хонаҳои маскунии одамон ба коми оташ рафтаанд. Бино ба гузоришҳо сӯхтор дар иёлоти Викторияи ин кишвар аз бадтарин оташсӯзиҳо эътироф шудааст.  Шуълаҳои оташ то кунун 102 миллион гектар дар ин иёлотро сӯзонданд ва се нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар саросари кишвар то кунун 27 нафар бар асари сӯхтори азим ҳалок шудаанд.

Тақвими рӯз: Солҳое 10-уми январ

10-уми январи соли 1954. Ҳавопаймои De Havilland DH-106 Comet 1 («Комета 1») мансуб ба ширкати ҳавопаймоии ВОАС, ки бо хатсайри ВА781 ба  Сингапур—Карочӣ- Баҳрайн—Бейрут—Рум—Лондон парвоз мекард, сарнагун шуд. Ин ҳавопаймо ҳангоми парвоз аз Рум дар баландии 8,3 километр аз ҳам пош хӯрд. Шикастапораҳои онро дар баҳри Миёназамин, ҷануби ҷазираи Элба пайдо карданд. 35 нафаре, ки дар он сафар доштанд, ҳамагӣ кушта шуданд.