10-уми январи соли 1954. Ҳавопаймои De Havilland DH-106 Comet 1 («Комета 1») мансуб ба ширкати ҳавопаймоии ВОАС, ки бо хатсайри ВА781 ба Сингапур—Карочӣ- Баҳрайн—Бейрут—Рум—Лондон парвоз мекард, сарнагун шуд. Ин ҳавопаймо ҳангоми парвоз аз Рум дар баландии 8,3 километр аз ҳам пош хӯрд. Шикастапораҳои онро дар баҳри Миёназамин, ҷануби ҷазираи Элба пайдо карданд. 35 нафаре, ки дар он сафар доштанд, ҳамагӣ кушта шуданд.
10-уми январи соли 2019. Мақомоти расмии Гурҷистон эълон карданд, ки зарфи як моҳи охир дар ин кишвар 13 нафар аз зукоми хук ба ҳалокат расидаанд. РИА Новости истинодан ба хабари ширкати телевизионии «Рустави” иттилоъ дод, ки дар умум 162 нафар чун сироятшудагон ба H1N1 ба қайд гирифта шуданд. Муфассалтар ин ҷост: Сенздаҳ қурбонии зукоми хук дар Гурҷистон
10 – уми январи соли 2018. Хабар дода шуд, ки дар боғи ҳайвоноти Уссурийск паланг ба кӯдаки дусолаи саргарми тамошо ҳамла кард ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вокуниш ба ин рӯйдод падару модари тифлро ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Ин дарранда замоне ба тифл ҳамла кард, ки волидонаш ӯро беназорат монда буданд. .
10 январи соли 2018. Бар асари лағзиши тарма дар иёлоти Калифорнияи ИМА 13 нафар ба ҳалокат расиданд. Муфассалтар ин ҷост: Рӯйдоди олам: сӯхторҳо, заминларза, садамаҳои маргбор