Чорумин моҳ аст, ки Австралия дар иҳотаи дуду оташ мондааст, то ин замон бештар ним миллиард ҷонварон, ҳазорон гектар бешазорон ва заминҳои кишт, ҳазорон хонаҳои маскунии одамон ба коми оташ рафтаанд. Бино ба гузоришҳо сӯхтор дар иёлоти Викторияи ин кишвар аз бадтарин оташсӯзиҳо эътироф шудааст. Шуълаҳои оташ то кунун 102 миллион гектар дар ин иёлотро сӯзонданд ва се нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар саросари кишвар то кунун 27 нафар бар асари сӯхтори азим ҳалок шудаанд.
Дар кулли Австралия 603 миллион гектар дар оташ сӯхтааст. Дирӯз созмонҳои ҳавошиносии Австралия пешгӯӣ карда буданд, ки имрӯз, ҷумъа ба далели дамои болои ҳаво сӯхтор ба авҷи бесобиқаи худ бирасад.
Нахуствазири Иёлоти Виктория Дэниел Эндрюс гуфтааст, ки таърих оташеро ба ин шиддат дар иёлотро ёд надорад, “аммо то ҳол ҳам чунин посухи ҳамоҳанг ва муассисре ҳам ба як оташсӯзии ғайримунтазира надоштем”.
Мақомоти гуфтаанд, ки Австралия дар соли 2019 гармтарин ва хушктарин солро пушти сар гузоштааст. Созмони ҳавошиносии ин кишвар ду далели аслиро чун омили падид омадани ин вазъият медонад: тағйироти обу ҳаво ва гармоиши замин.
Дар иёлоти Виктория мақомот аз мардум хоста буданд, ки қабл аз рӯзи ҷумъа манотиқи кӯҳистонӣ ва шарқиро тарк кунанд. Пешбинӣ мешавад, ки имрӯз дамои ҳаво ба 41 дараҷа расад, шамоли шадид вазад, тӯфоне оғоз шавад, ки бориш надорад. Ин ҳолат сабабгори бадтар шудани вазъи сӯхтор шурӯъи оташҳои шадди хоҳад шуд.