Нигарониҳои олам дар мавриди сирояти вируси маргбор дар Чин. Тоҷикистон мегӯяд ягон мубталои онро ба қайд нагирифтааст

Ҳукуматдорони Чин талош мекунанд аз густариши вируси маргбор, ки то кунун ҷони 25 танро гирифтаву ба он  беш аз 830 нафар сироят шудаанд, ҷилавгирӣ намоянд. Ин вирус ҳоло ба қаламрави ИМА, Таиланд ва Куриёи Ҷанубӣ низ ворид шудааст. Аммо Тоҷикистон, ки яке аз ҳамсоягони Чин мебошад, расм ан эълон кард, ки ягон нафар аз сокинон ба ин вирус сироят нашудаанд, аниқтараш ин гуна ҳодиса ба қайд гири фта нашудааст.

Рӯзи чоршанбе ҳукуматдорони Чин  ба қароре омаданд, ки вуруд ба шаҳри Вуҳон ва хуруҷ аз онро манъ кунанд. Ин шаҳр дар вилояти Хубэй ҷойгир аст ва дорои 8,9 миллион ва бино ба омори дигар 11 миллион аҳолӣ мебошад. Аввалин бор вируси номаълуми кушанда маҳз дар ҳамин шаҳр кашф шудааст ва аксари сироятшудагон низ дар ҳамон шаҳранд. 

Рӯзи панҷшанбе бошад ҳамин гуна тасмим барои шаҳри Хуангана, воқеъ дар вилояти Хубэй гирифта шуд. Маъмурон мегӯянд дар ин шаҳр бештар аз 7 миллион нафар зиндагонӣ мекунанд. Ҳама гуна вуруд ба ин шаҳр аз тариқи мошин, қатор, ҳавопаймо манъ шудааст. Нақлиёти дохилишаҳрӣ низ аз фаъолият боздошта шудааст. 

Ҳукуматдорони Чин ба хулосае омадаанд, ки ҳама гуна тадорукот дар Пекинро лағв кунанд, аз ҷумла таҷлили Соли нав бо тақвими қамарӣ, ки рӯзи 25-уми январ ворид мешавад, манъ шуд. Бо қарори вижа ҳама гуна гаштугузорҳои анъанавии солинавӣ, баргузории ярмаркаҳо дар ибодатгоҳҳо низ манъ шуданд.

Ҳоло ду шаҳри муҳими ин кишвар Вуҳон ва Ҳуангон дар муҳосира мондаанд. Шаби панҷшанбе ба ҷумъа вуруду хуруҷи мошинҳо, ҳавопаймоҳо ва қаторҳо боздошта шуданд. Ба одамон тавсия доданд, ки то амри дигар аз шаҳр берун нашаванд.

Дар ҳамон ҳол сокинони шаҳри Вуҳон, ки аввалин тадбири манъи вуруду хуруҷ ба дар ин шаҳр амалӣ шуд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки эҳтимол меравад дар кутоҳтарин фурсат мушкили ғизо пайдо шавад ва захираҳо барои чанд рӯзи оянда басанда набошад. 

Теъдоди зиёди мубталоён ба ин вурус дар озмоишгоҳҳои Чин ва созмони ҷаҳонии тандурустӣ баррасӣ шуда ва мутахассисон ин вирусро аз хонаводаи вируси короно  (Coronaviruses) донистаанд. То кунун шаш намунае аз вируси короно кашф шуда буд ва агар ин низ мансуби ҳамин оила бошад, пас  теъдоди он ба 7 мерасад.

Дар маъмултарин ҳолат ин вурус боиси сармохӯрдагӣ, аммо дар мавриди дигар боиси синдроми шадиди роҳи нафас мешавад.

Вируси паҳншуда дар Чин ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст. Як теъдод аз кишварҳои олам барои шаҳрвандонашон сафар ба Чинро манъ ва ё маҳдуд кардаанд.

Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки короновирус дар кишвар ба қайд гирифта нашудааст. Рӯзи 21 январи соли  муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода дар суҳбат бо хабарнигорон дар ин бора иттилоъ дод ва гуфт, ки ҳоло ягон сирояти ин вирус дар Тоҷикистон дида нашудааст.

  Мирҳамуддин Камолзода ҳамчунин шарҳ дод, ки “бемории сироятии коронавирус аслан дар бадани ҳайвоноти хонагӣ, хусусан, паррандаҳо, чорвои калони шохдор  ва хук афзоиш ёфта, баъдан ба одам интиқол меёбад. Нишонаҳои асосии ин беморӣ, пеш аз ҳама таби баланд, дарди сар, дарди мушаку пайвандҳо ва дарди гулӯ буда, пасон нишонаҳои дигар, аз ҷумла осеб ёфтани роҳҳои нафас ва шушҳо ба вуҷуд меоянд, ки дар муҳлати кӯтоҳ ҳолати бемор вазнин гардида, дар  сурати ба табобат фаро нагирифтан он метавонад ба фавт оварда расонад”.  

барчасп: