Тағйири ҳаво, сардиҳо ва резиши барфи тар ҳаракати мошинҳо дар роҳҳои баъзе манотиқи кишвар ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст. Бар асари бориши шадиди барф аввалин тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ба қайд гирифта шуд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сокинон ва меҳмонони кишвар ҳушдор медиҳад: АЗ САФАРҲОИ БИДУНИ ЗАРУРАТ ХУДДОРӢ НАМОЕД!
Дар километрҳои 62 ва 69 шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, воқеъ дар қаламрави ноҳияи Варзоб бар асари бориши барфи тар тарма фаромад. Айни замон кормандони ширкати “IRS” ва наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражадании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар дидбонгоҳи Майхура, километри 62 қарор доранд, мавзеъҳои мазкурро аз барф тоза мекунанд.
Барои таъмини амнияти ронандагон дар роҳҳо наҷотдиҳандагони Кумита навбатдории шабонарӯзиро ба роҳ мондаанд. Ин тадбир барои пешгирӣ ва сари вақт расидан ба ҳодисаҳои фавқулода дар роҳҳо заруранд.
Дар иртибот ба тағйири обу ҳаво, фаро расидани сардиҳо, бориши барф, варзиши бодҳои сарду сахт Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад, ки аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои тармахез, роҳҳои душворгузари кӯҳӣ худдорӣ намоянд.
Ронандагон беш аз ҳар вақти дигар эҳтиёткор бошанд ва ҷони худу ҳамсафарони худро дар хатар наандозанд.
Дар ҳолатҳои зарурӣ шумо метавонед бо телефонҳои навбатдории фаврии Кумита: 112, 93 880 28 19, 221-91-19,