Саҳифае аз таърих: Саду шасту ҳашт сол пеш дар чунин рӯзе...

168 сол пеш, дар чунин рӯзе фоҷеае рух дод, ки одамони зиёд талаф шуданд. Калонтарин киштии бухории чархии олам дар миёни оби уқёнус оташ гирифт. Аз 162 мусофири “Амазонка” танҳо 58 нафар зинда монданд, аз инҳо 11 нафар ақли худро бар асари даҳшате, ки дар сӯхтор диданд, аз даст доданд, девона шуданд.

Киштии «Амазонка» аз назари расонаҳои британиёӣ калонтарин киштии бухории чархии олам буд, ки бо фармоиши ширкати  «Роял Мэйл стим пакет компани» (Англия) сохта шуда буд. Дарозии он 91 метр буд, бараш 12,5 метр. Ширкати созанда фармоиши онро соли 1850 дарёфт кард. 28-июни соли 1851 бори аввал ин киштӣ вориди об шуд.

 Бино ба гузоришҳо ин киштӣ ҳамчунин ҳомили бори гаронарзиш буд. 52 мусофир дошт ва боқӣ 110 нафар маллоҳону хидматгарони киштӣ буданд. Киштӣ дар димоғаи Портлент-Билл дучори тӯфони ҷанубу ғарб шуд. Лозим омад бо тамоми қудрат онро ба пеш ронанд. Як сабаби оташ гирифтани киштӣ ҳамин босуръати баланд рондани он буд. Муҳаррики буғӣ он солҳо техникаи нав ба шумор мрафт ва он ки дар дохили киштӣ ҳамеша гулхан фурӯзон буд, маллоҳон ва мусофиронро дар ҳоли нигаронӣ нигоҳ медошт.

Аммо тӯфон хомӯш намешуд, киштӣ бидуни ист муддати 36 соат ҳаракат кард. Бегоҳии 3-уми январ киштӣ ба халиҷи Бискай (халиҷе дар уқёнуси Атласи шимолӣ байни  кишварҳои Фаронса ва Испания) расид. Ин замон тӯфон боз ҳам шиддат гирифт.

Соати 3 субҳи рӯзи 4-уми январ штурмани дуввуми “Амазонка” Трюик дуди печидаи сиёҳро дид ва маллоҳеро барои бедор кардани нохудои киштӣ (болотарин фармондеҳ ва сарвари киштӣ) равон кард. Нохудо Саймонс бонги хатари сӯхтор зад ва фармон дод, ки дарҳои солон ва роҳравҳоро бубанданд, то мусофирон ба саҳни киштӣ набароянд.

Баъди ин оташ забона зад ва дар як муддати начандон зиёд киштиро фаро гирифт. Аз 162 нафар 58 нафар зинда монданд. Ҳафт нафари онҳо баъдтар ба ҳалокат расиданд ва 11 нафар девона шуданд. 

Аз ин рӯйдод 168 сол сипарӣ шуд...

 

барчасп: