Бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон борону барф танҳо дар навоҳии кӯҳистонии кишвар дар назар аст. Аммо сардии ҳаво ҳамоно боқӣ монда ва дар баъзне маҳалҳо ин с ардӣ афзоиш меёбад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрист ва гоҳ – гоҳе борон меборад. Шамол аз ғарб бо суръати 2-7 м/с мевазад. Дамои ҳаво низ шабона 1+3 ва рӯзона 11+13 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар навоҳии тобеъи марказ низ ҳавои абрӣ пешбинӣ шудааст, аммо бориши чандоне надорад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд, дар навоҳии кӯҳӣ барфу борон дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 9+14° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук, 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд ҳавои абрӣ, баъзан борон меборад, туман гоҳ-гоҳе ҳаворо торик мекунад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Дамои ҳаво шабона аз 4+6 ва рӯзона 9+11 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд дар водиҳо борон, дар баъзе ноҳияҳои куҳӣ барфу борон меборад. Вазиши бод аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар сония хоҳад буд. Дар водиҳои ин вилоят шабона 1+6 дараҷа ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1-6 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 то 6 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои шаҳри Хоруғ абрист, борон ва баъзан барф ҳам меборад. Шамол аз самти ғарб суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 3-5 дараҷа хунук ва рӯзона 4+6° гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияи Мурғоб ҳаво абрист, вале бебориш. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 18-20°, рӯзона 4-6 дараҷа хунук мешавад.
Дар ноҳияҳои дигари ВМКБ низ ҳаво пурабр мешавад, дар ноҳияҳои ҷудогона борону барф ҳам дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 м/с мевазад. Дамои ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад, дар шарқи вилоят шабона аз 16 то 21 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 25-30 дараҷа хунук, рӯзона 3-8 дараҷа (дар Булункул аз 13 то 15 дараҷа)сард мешавад.
Дар шаҳри Бохтар низ ҳавои абрӣ дар назар дошта шудааст, борони суст ҳам меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 3+5 дараҷа гарм, рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад
Дар ш. Кӯлоб тумани суст мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона аз 2+4, рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар дигар навоҳии вилояти Хатлон ҳаво абрист, дар баъзе навоҳӣ борон меборад. Шамол аз самти ғарб суръати 3-8м/с мевазад. Дамои ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзон 6+11 дараҷа гарм мешавад.