Ва дар ҳошияи Конфронс Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо роҳбарони Хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Туркия, роҳбари Маркази осиёии коҳиши хатари офатҳо (ACDR), директори Бюрои коҳиши хатари офатҳои назди Кобинаи вазирони Ҳукумати Ҷопон ва вазири ҳолатҳои фавқулодаи Муғулистон мулоқот намуд.
Охири моҳи ноябри соли равон дар пойтахти Туркия шаҳри Анқара конфронси Маркази осиёии коҳиши хатари офатҳо баргузор шуд, ки дар кори он роҳбарони 19 кишвари Осиё ва шаш роҳбари созмонҳои байналмилалӣ иштирок доштанд.
Дар конфронс Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода ширкат намуд.
Дар ҷараёни конфронс маърӯзаи кишварҳои ширкаткунанда дар бораи фаъолияти Марказии осиёии коҳиши хатари офатҳо (ACDR) дар бист соли ахир (солҳои 1999–2019) шунида шуд. Баъдан ҳамкориҳои кишварҳои ширкаткунанда дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, омодагии кишварҳои Осиё ба ҳолатҳои фавқулода ва роҳҳои бартарафсозии фаврии онҳо баррасӣ шуданд.
Дар конфронс ҳамчунин масъалаҳои татбиқи Барномаи қолабии Сендай мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт, дар бораи ҳолатҳои фавқулода дар мамлакатҳои иштирокчӣ, тақвияти минбаъдаи зарфиятҳо ва тавонмандиҳои таъминоти моддӣ-техникӣ барои пешгирӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулода ва расонидани кӯмакҳо маълумот пешниҳод шуд. Дар ин ҳамоиш ширкаткунандагон инчуни н дар бораи мушкилоте низ ҳарф заданд, ки ҳангоми бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, истифодаи технологияи кайҳонӣ ва таҷҳизоти бесарнишин барои коҳиши хатари офатҳо пеш меояд.
Дар доираи ширкати худ дар конфронс Раиси КҲФ генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо роҳбарони Хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Туркия, роҳбари Маркази осиёии коҳиши хатари офатҳо (ACDR), директори Бюрои коҳиши хатари офатҳои назди Кобинаи вазирони Ҳукумати Ҷопон ва вазири ҳолатҳои фавқулодаи Муғулистон мулоқот намуд.
Дар ин дидору мулоқот масъалаҳои омодасозии кадрҳо, омӯзиши технологияи муосири харитасозӣ ва пешгӯии ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ, омӯзиши таҷрибаи муосири системаи огоҳсозии бармаҳал, густариши фаъолияти Системаи ягонаи 112 баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин лоиҳаи Созишномаи ҳамкориҳо миёни КҲФ ва Хадамоти ҳолтаҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Туркия оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода, ёрии Маркази осиёии коҳиши хатари офатҳо дар ташкил ва омӯзиши мутахассисони Маркази идории ҳолатҳои буҳронии КҲФ баррасӣ гардид.