Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт соҳиби як силсила таҷҳизоти наҷот шуд. Ин кумакҳо дар доираи барномаҳои ҳамкориҳои мутақобила миёни Кумита ва Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ ҷиҳати таҳкими зарфиятҳои Кумита дар роҳандозии корҳои наҷот амалӣ гардид. Маросими таҳвили таҷҳизот рӯзе қабл доир шуда буд.
Бо мақсади татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалии дуҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода миёни КҲФ ва Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ дар Шуъбаи Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт маросими таҳвили воситаҳои техникӣ барои воҳиди наҷоти шуъба баргузор гардид.
Дар ин маросим ҷонишини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда полковник Салимзода Муҳаммадҷон Масеҳҷон, Раиси Ҳукумати ноҳияи Рашт Муқими Раҳимҷон Набизода ва Сарвари Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ ҷаноби Ҳодӣ Ҳусайнӣ ширкат намуданд.
Муовини Раиси Кумита полковник М.Салимзода зимни суханронии худ ба Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ барои мусоидат ва ҳамкориҳои созанда ҷиҳати такмили техникӣ ва таҳкими зарфиятҳои КҲФ дар кори пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода изҳори сипос намуд.
Гуфтанист, ки наҷотдиҳандагони минтақаи Рашт соҳиби воситаҳои зарурӣ барои роҳандозии корҳои садамавиву наҷот, аз ҷумла борхалтаҳо бо ҳама воситаҳои муҳим, тоскулоҳи наҷот, айнакҳо, доруқуттӣ, дастгоҳҳои рӯшноидиҳанда, сихҳои наҷот, занбарҳо, костюмҳои муҳофизатӣ ва завраҳои резинӣ шуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки ҳамагӣ чанде пештар воҳидҳои наҷот дар ВМКБ соҳиби таҷҳизоти нави имдодӣ шуда буданд. Ин идомаи риштакумакҳои Агентии Оғохон оид ба макони зист ба Дастаҳои наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ буд. Сарвари Агентии Оғохон оид ба макони зист ҷаноби Ҳодӣ Ҳусайнӣ, ки дар расми таҳвили таҷҳизот ҳузур дошт, гуфт, ки ин ниҳод дар оянда низ идораи наҷотро ба хотири беҳбудиву некуаҳволии аҳолии Тоҷикистон дастгирӣ хоҳад кард. Барои Раёсати КҲФ дар ВМКБ он рӯз 23 борхалтаи махсус, ки дар дохили ҳар кадом то 10 номгӯ воситаҳои зарурӣ барои роҳандозии корҳои садамавиву наҷот, аз қабили тоскулоҳҳои наҷот, айнакҳо, доруқуттӣ, фонусҳо, дастпӯшҳо, сихҳои наҷот ва ғайра ба Дастаи наҷотдиҳии Раёсат супурда шуда буд.
Боз дар ҳамин мавзуъ:
Техникаи нави Агентии Оғохон оид ба муҳити зист ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда
Наҷотдиҳандагони ВМКБ соҳиби таҷҳизоти нави имдод шуданд
Таҳвили техникаи махсус ба воҳидҳои наҷоти Кумита