Воҳидҳои наҷотдиҳӣ дар ВМКБ соҳиби таҷҳизоти нави имдодӣ шуданд. Ин идомаи риштакумакҳои Агентии Оғохон оид ба макони зист ба Дастаҳои наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ буд. Сарвари Агентии Оғохон оид ба макони зист ҷаноби Ҳодӣ Ҳусайнӣ, ки дар расми таҳвили таҷҳизот ҳузур дошт, гуфт, ки ин ниҳод дар оянда низ идораи наҷотро ба хотири беҳбудиву некуаҳволии аҳолии Тоҷикистон дастгирӣ хоҳад кард.
Бо мақсади баланд бардоштани зарфиятҳои техникии воҳидҳои наҷоти КҲФ дар доираи татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода миёни КҲФ ва Агентии Оғохон оид ба макони зист дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ маросими таҳвили воситаҳои техникӣ баргузор шуд.
Дар ин маросим муовини Раиси КҲФ полковник Салимзода М, муовини Раиси Ҳукумати ВМКБ А.Мирзонаботов, Сарвари Агнентии Оғохон оид ба макони зист ҷаноби Ҳодӣ Ҳусайнӣ ширкат карданд.
23 борхалтаи махсус, ки дар дохили ҳар кадом то 10 номгӯ воситаҳои зарурӣ барои роҳандозии корҳои садамавиву наҷот, аз қабили тоскулоҳҳои наҷот, айнакҳо, доруқуттӣ, фонусҳо, дастпӯшҳо, сихҳои наҷот ва ғайра ба Дастаи наҷотдиҳии Раёсат супурда шуд.
Муовини Раиси КҲФ ба роҳбарияти Агентии Оғохон оид ба макони зист барои ин кумакҳо изҳори сипос намуд ва қайд кард, ки техникаи таҳвилшуда бе ягон шак ба таҳкими имкониятҳо ва зарфиятҳои воҳидҳои наҷот ёрӣ мерасонад ва кори кумак ба ниёзмандон ҳангоми ҳолатҳои фавқулодаро осон мекунад.
Дар навбати худ сарвари Агентии Оғохон оид ба макони зист ҷаноби Ҳодӣ Ҳусайнӣ изҳор дошт, ки ин ниҳод дар оянда низ идораи наҷотро ба хотири беҳбудиву некуаҳволии халқҳои Тоҷикистон дастгирӣ хоҳад кард.
Гуфтанист, ки ҳамин гуна борхалтаҳо, костюмҳои ҳимоя дар обҳо ва қаиқҳои резинӣ ба воҳиди наҷоти КҲФ дар ноҳияҳои минтақаи Рашт низ таҳвил хоҳад ёфт.
Ҳамаи воситаҳои техникии таҳвилшуда дар ҷараёни роҳандозии корҳои наҷот мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.