Ин ҷаласа дирӯз баргузор шуд ва Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия кулли фаъолияти худ дар соли 2019-ро ҷамъбаст намуд. Дар ҷаласа Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия, ҷонишини раиси комиссия-сардори шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҳамчунин намояндагони хадамоти гуногун – аъзои Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда ширкат карданд.
Дар нишаст натиҷаи фаъолияти яксола ҷамъбаст шуда, ҳамчунин дар масъалаҳои роҳандозии корҳои соҳилбандӣ, омодагӣ ба давраи зимистон, ҷудо кардани қитъаи замин барои оилаҳои зарардида аз офатҳои табиӣ, тафтишу санҷиши ҳолати техникии пулҳо ва ҷойҳои осебпазир ба офатҳои табиӣ баррасӣ гардиданд.
Ҳамчунин масъалаҳои иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006 “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои ташкил ва истифодаи захираҳои моддӣ барои бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифт.