Сивуяк сол пеш аз ин: Заминларзаи Спитак беш аз 25 ҳазор нафарро ҳалок кард

Заминларзаи Спитак дар таърих ба номи заминларзаи Арманистон ё  Ленинакан низ маъруф аст. Зеро таърихи ин кишвар аз қадим то ба ин айём чунин такони шадиди харобиовари заминро ёд надошт. Ягон сарчашмаи таърихӣ маълумоти муфассале аз ягон заминларзаи ба ин ҳад харобкор дар ин қаламрави ҳикоят накардааст.

Ва боз: Дар бартараф сохтани оқибатҳои он сокинони Тоҷикистон низ бо ирсоли кумакҳои фаврӣ саҳм гирифтаанд.  

Он соати 10:41 дақиқа бо вақти Маскав ва 11:41 дақиқа бо вақти маҳаллии рӯзи 7 декабри соли 1988 аз 6,8 то 7,1 балл дар қисмати шимолу ғарбии Арманистон рух дод. 

Такони шадид зарфи ним дақиқа ҳама қисмати шимолии Арманистонро, ки он замон наздик ба 1 миллион аҳолӣ дошт, фаро гирифт. Дар Спитак, ки маркази он ба ҳисоб мерафт, қувваи заминларза ба 10, дар Ленинакан 9, дар Кировакан 8 балро ташкил дод. Дар қисматҳои дигари Арманистон қувваи ларзиши замин то 6 балл буд. Онро дар шаҳрҳои Ереван ва Тифлис низ мушоҳида карданд. Мавҷи ин ларзишро дар калонтарин озмоишгоҳҳои Аврупо, Осиё, Амрико ва Австралия ба қайд гирифтанд. 

Дар аввалин соати заминларза бо нидои Бонги хатар ҳамаи ниҳодҳои сӯхторнишонӣ ба по хезона шуданд, онҳо аввалин коре, ки анҷом доданд, сӯхтор дар анборҳои нефт ва корхонаи бофандагиро хомӯш карданд. Кумитаи ҳизбии шаҳри Ереван ва ноҳияву шаҳрҳои дигар 12 ҳазор нафарро ба нукоти осебдида эъзом намуданд. Садҳо мошинҳои боркаш, булдозеру кранҳо, экскваторҳо ба ин макон фаврӣ расиданд. 

Дар нимаи дуюми рӯзи 7-уми декабр  бештар аз 100 мошин бо масолеҳи сохтмон, 5 ҳазор хайма, дорувор аз Гурҷистон ба Арманистон раҳсипор шуд. 

Дар аввалин соатҳои заминларза ба кумаки зарардидагон ҷувзу томҳои Артиш, нерӯҳои марзбонии КГБ ИҶШС фаро расиданд. Аз Маскав  худи ҳамон рӯз дар ҳайати як бригада 98 мутахассисони пуртаҷриба, духтурон, ҷарроҳон бо сарварии Вазири тандурустии СССР Евгений Чазов ба Арманистон фиристода шуд. 

Комиссияи бартарафсозии оқибатҳои фоҷеаро Раиси Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ Николай Рижков сарварӣ мекард. Котиби Генералии КПСС Михаил Горбачёв сафари худ ба ИМА-ро қатъ кард ва рӯзи 10-уми декабр ба Ленинакан омад. Худи ҳамон рӯз сарвари Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷомеаи байналмилалӣ барои бартарафсозии оқибатҳои ин заминларзаи мудҳиш кумак хост.

111 кишвари олам аз ин даъвати сарвари кишвари Шӯроҳо пуштибонӣ карданд, ҳатто мамолике, ки бо Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳоли “ҷанги сард” қарор доштанд, аз ҷумла Исроил,Белгия,Британияи Кабир, Италия, Норвегия, Фаронса, Лубнон, Ҷумҳурии Олмони Федералӣ, Ҷопон, Чин ва Швейсария ба  ёрии зарардидагон омаданд, дорувор, масолеҳи сохтмон, ғизо, таҷҳизоти наҷот кумак карданд. 

Мушкилоти рӯзҳои аввал бахусус дар ноҳияҳои кӯҳистонӣ, ки ҳама бунгоҳҳои тиббӣ харобӣ шуда буданд, эҳсос мешуд. Дар сартосари ҷумҳуриҳои Шӯравӣ кумакҳои башарӣ ҷамъоварӣ ва ба Арманистон расона карда мешуданд, ситодҳои ёрӣ ба зарардидагони арман дар ҳама ҷумҳуриҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон ташкил карда шуда буданд. 

Рӯзи 10-уми декабр дар саросари СССР рӯзи мотами уммуӣ эълон гардид. 

Оқибатҳо

Заминларза наздик ба 40 дарсади иқтидори саноатии Арманистонро аз фаъолият боздошт. Шаҳри Спитак ва 48 деҳа комилан хароб шуданд, шаҳрҳои Ленинакан (ҳоло Гюмри), Степанаван, Кировакан (ҳоло Ванадзор) – дар маҷмуъ 21 шаҳр ва 300 русто қисман хароб гардиданд. 

Дар ин заминларза ба ҳисобе 25 ҳазор нафар (тибқи баъзе оморҳои дигар то 150 ҳазор тан) ҷон бохтанд. 514 ҳазор нафар бехонаву дар шуданд. Заминларза дар умум 40% қаламрави Арманистонро фаро гирифт. 

210 ҳазор муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистонҳо ё пурра хароб шуданд ё қисм ан, 416 иншооти тандурустӣ, ду театр, 14 осорхона, 391 китобхона, 42 синамохона, 349 клуб ва хонаҳои фарҳангӣ хароб гардиданд. Бештар аз 600 км роҳ, 10 км роҳи оҳан хароб, 230 корхонаҳои саноатӣ пурра ва ё қисман вайрон шуданд. 

Моҳҳои феврал-марти соли 1989 ба хотири ҳифзи амният нерӯгоҳи ҳастаии Арманистон аз фаъолият боздошта шуд.

Хотироти он рӯз

Даҳҳо китобу очерку лавҳа интишор ёфтаанд, ки хотираҳои шоҳидонро гирд овардаанд. Ҳар сол 7 –уми декабрро дар Арманистон чун рӯзи қурбониёни заминларза таҷлил мекунанд.

Соли 1989 дар Иттиҳоди Шӯравӣ се тангаи 3-рубл бахшида ба солгарди заминларзаи Спитак ба муомилот бароварда шуд.

Pour toi Arménie — таронаест, ки соли 1989 Шарл Азнавур ва Ҷорҷ Гарваренс навиштанд. 

7 – уми декабри соли 2008 дар маркази шаҳри Гюмри пайкараи қурбониёни ин заминларза қомат афрохт. 

 Дар шаҳри Спитак дар теппае қабристоне ҳаст, ки дар он қурбониёни ин заминларза ба хок супурда шудаанд. Дар он ҳамчунин калисое аз фулуз низ сохтаанд.

“Заминларза” филмест, ки соли 2016 когардон Сарик Андреасян таҳия кардааст.

“Спитак” филми дигарест, ки ду сол баъд (соли 2016) Александр Котт ба навор гирифтааст. 

Ва ду филми ҳуҷҷатии дигар ҳам бо номҳои “Заминларзаи Спитак”, “Арманистон: Ҳафт рӯзи дӯзах” низ ҳикоят аз ин фоҷеа мекунанд.

барчасп: