15 – уми апрели соли 2020 таҳти раёсати Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу, ҳамчунин ширкати намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, кишоварзӣ, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ба мисли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Барномаи Рушди СММ, Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи СММ, Агентии Оғохон оид ба макони зист, Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҷаласаи Гурӯҳи арзёбиҳои сареъ ва ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулода (РЕАКТ) баргузор шуд.
Дар нишаст масъалаҳои тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҳкими чораву тадбирҳои зиддиэпидемӣ бо мақсади пешгирии короновирус дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақш ва вазифаҳои вазоратҳо, идораҳо ва созмонҳои байналмилалии муқими кишвари мо дар ин масъалаҳо баррасӣ шуданд, ҳамчунин лоиҳаи Стратегияи муштараки гурӯҳи РЕАКТ дар вокуниш ба пандемияи эҳтимолии “СОVIД – 19” мавриди суҳбат қарор гирифт.
Зикр бомаврид аст, ки ҷаласаи РЕАКТ ҳамчунин ба таври онлайн низ баргузор шуд, ки дар он 20 нафар ширкаткунандагон аз созмонҳои байналмилалии гуногун, аз ҷумла Барномаи рушди СММ, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), Дафтари намояндагии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушд ва дигарон иштирок намуданд.;
Раиси КҲФ дар суханони ифтитоҳии худ аз ҷумла гуфт: “Ба ҳам овардани қувваҳо ва имкониятҳо дар офатҳои табиӣ ва расонидани кумакҳо ба ниёзмандон ин бояд дар фаъолиятҳои оянда шиори мо бошад”..
Роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ дар мавриди таҳкими ҳамкориҳои минбаъда бо назардошти вазъи басо мураккабе, ки короновирус ба минтақа ва умуман ҷаҳон овардааст, андешаҳои ягона доштанд.
Дар поёни ҷаласа ширкаткунандагон корҳои аввалиндараҷаи эътино барои пешгирӣ аз пандемияи COVID-19-ро муайян намуданд.