5 чизе, ки бояд дар бораи Гидроксихлорохин донист. Оё метавон онро дар муолиҷаи Covid-19 истифода кард?
Чоп шуд: 16/04/2020 | redaktorТо ҳамин чанд моҳ қабл кӣ метавонист ҳатто тахмин кунад, ки бо пайдоиши Covid-19 ин доруе, ки ҳанӯз 70 сол пеш вориди бозори давофурӯшӣ шуда буд, дар гирдоби баҳсҳои илмӣ қарор мегирад. Ахиран профессор Дидйе Раул эълон кард, ки гидроксихлорохин метавонад мубталоёни ба короновирусро табобат кунад. Аммо суоли матраҳ ҳоло ин аст, ки мо дар бораи ин дору дар асл чӣ медонем ва чиро бояд бидонем?