Ҳарфи аввали хабар ҳалокати тифли сесола аст, ки боз ҳам аз беназоратии волидон дар ҷӯйбор афтодаву ҳалок шудааст. Ҷӯйборе, ки шояд бар асари борони шадид пур аз об шуд ва ҷасади беҷони ӯро дар дохили қубури обгузар пайдо карданд. Баъзан волидон хеле камаҳамиятанд ва тифлонро дар чунин рӯзҳо ҳам гоҳо беназорат мегузоранд. Пушаймонӣ аз кори шуда суде надорад. Вале ҳушдор додан хуб аст, то оянда дигарон ин иштибоҳро такрор накунанд. Волидони муҳтарам! Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳамеша фарзандони хурдсоли худро зери назорат дошта бошед. Оқибати беназоратӣ метавонад фоҷеабор бошад!
Бино ба маълумоти сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Роштқалъа рӯзи 15-уми апрели соли 2020 тахминан соати 04:00 дақиқа бар асари резиши сангреза дар километри 88-89 роҳи Хоруғ - Роштқалъа роҳи байни деҳаҳои Сежд ва Табарсеми ҷамоати деҳоти Сежди ноҳияи Роштқалъа маҳкам гардид. Барои бартараф намудани ин офати табиӣ тахминан соати 06:20 дақиқа 1-адад техникаи муҳандисӣ (боркунаки фронталӣ) аз тарафи МДНРА-и ноҳия ба мавзеи зикршуда, сафарбар гардида, соати 14:17 дақиқа роҳ боз боз гардид.
*** *** ***
Дар ноҳияи Ванҷ низ рӯзи 15-уми апрел соати 07 субҳ бар асари боридани борони зиёд дар километри 444 мавзеи Хехак ҷамоати деҳоти Язгулом сел омад ва регу шағали он роҳи байналмиллалиро баст.
Бо ҷалби 1 адад техникаи муҳандисӣ (боркунаки фронталӣ) аз тарафи МДНРА-и ноҳия соати 11:05 дақиқа роҳ аз ҳар гуна паёмадҳои сел тоза ва равуои мошинҳо аз сар гирифта шуд.
*** *** ***
Тибқи маълумоти сардори шӯъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ дирӯз, 15-уми апрел Абубакри сесола, аз деҳаи Чортеппаи деҳаи Арбобхотун аз беназаратии волидон ва беэҳтиётӣ дар ҷӯйбори назди хонаашон афтода, ба ҳалокат мерасад. Тахминан баъд аз 20 дақиқа ҷасади тифл аз тарафи хешу таборонаш аз дохили қубури обгузари назди хонаашон пайдо карда шуд.
*** *** ***
Ярч дар деҳаи Саричашмаи ҷамоати шаҳраи Нуъмон Розиқи шаҳри Ваҳдат ба заминҳои кишти шаҳрванд Рустам Тешаев зарар овард. Ҳоло дар минтақа кумитаи маҳаллӣ навбатдории шабонарӯзӣ ташкил кардааст ва барои бартарафсозии оқибатҳои харобиовари ярч корҳо дар ҷараёнанд.
*** *** ***
Тибқи маълумоти навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ рӯзи 15.04.2020 дар меҳмонхонаи “Носири Хусрав”, воқеъ дар кӯчаи Н.Атобек-63, ки ба шаҳрванд Мукарабшо Ноёбшоев, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ мутааллиқ аст, сӯхтор ба амал омад. Масоҳати сӯхтор 105 м2-ро ташкил дода, зарар аз сӯхтор тақрибан 12455 сомониро ташкил дод. Дар натиҷаи сӯхтор тақрибан 8 м3 чубу тахта, 1 адад яхдон, 3 адад мизу курсӣ, 3 адад базаи антенна, 3 адад қолин, 1 адад печи хӯрокпазии барқӣ сӯхта, аз истифода хориҷи шуданд. Соати 20:15 дақиқа сӯхтор аз тарафи Хадамоти оташнишонии шаҳри Хоруғ ба пуррагӣ хомӯш карда шуд.
Талафоти ҷонӣ ва зарари ҷисмонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои сӯхторро муайян мекнуанд.
*** *** ***
Сардори шӯъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи И.Сомонӣ хабар дод, ки рӯзи гузашта бар асари боронҳои шадид дар маҳаллаи Ҳ.Назаров хонаи 370 ва 371 деворҳои биноҳои ёрирасонашон чаппа шудааст. Инчунин дар натиҷаи боронҳои зиёд ҳавлии №121 –ро об пахш кардааст ва сабаби ин иллат доштани обравҳои саҳни ҳавлӣ ва гирду атрофи он будааст. Ҳодисаи ба амаломада аз тарафи дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсат қисман бартараф карда шуд. Ҳангоми ҳодисаи ба амаломада талафоти ҷонӣ ва зарари ҷисмонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ва дар ҳамин иртибот бори дигар ба самъи сокинон мерасонем, ки ҳамеша дар пайи тоза нигоҳ доштани ҷӯйборҳо ва каналҳои назди ҳавлиҳои худ бошанд, то боло рафтани сатҳи об хисорати ба ҷону моли онҳо надошта бошад.