То ҳамин чанд моҳ қабл кӣ метавонист ҳатто тахмин кунад, ки бо пайдоиши Covid-19 ин доруе, ки ҳанӯз 70 сол пеш вориди бозори давофурӯшӣ шуда буд, дар гирдоби баҳсҳои илмӣ қарор мегирад. Ахиран профессор Дидйе Раул эълон кард, ки гидроксихлорохин метавонад мубталоёни ба короновирусро табобат кунад. Аммо суоли матраҳ ҳоло ин аст, ки мо дар бораи ин дору дар асл чӣ медонем ва чиро бояд бидонем?
1. Гидроксихлорохин аз ибтидо барои куштани вирус истифода намешуд
Гидроксихлорохине, ки бо такмили доруи зидди табларза (хлорохин) ба даст омад, чанд сол пеш барои табобати бемориҳои худэминӣ (аутоиммунӣ) ба мисли бодхӯрда ва артрити ревматоид истифода мешавад.
2. Самароварии истифодаи он зидди вирусҳо исбот шуда буд.
Ин бори аввал нест, ки ба хлорохин таваҷҷуҳ мекунанд ва талош менамоянд дар мубориза ба муқобили ин ё он вирус аз гунаҳои он истифода кунанд. Барои он ки самароварии молекулаҳо арзону дастраси он муайян карда шавад, донишмандон солҳои охир ҳамаи молекулаҳоро ба ҳама намудҳои вирус месанҷанд. Ҳамин тариқ хлорохин дар шишаи таҷрибавии табларзаи Эбола, ВИЧ, вирусҳои SARS ва MERS, ду намуди короновирус санҷида шуд. Бахусус ин шабу рӯз таъсири он ба маҳви КОВИД-19 ҷиддан мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.
3. Самаранокии он бар зидди вирусҳое, ки ба инсон сироят мекунанд, ҳанӯз нишон дода нашудааст.
Самароварии хлорохин ба одамон ҳеч замоне таҳқиқ нашуда буд ва онро ҷиддан барои коршоямӣ дар мубориза бар зидди ягон вирус насанҷида буданд. Аммо таҷрибаҳо барои SARS-cov-2 ва covid-19 истисно нестанд. Натиҷаи се таҳқиқоте, ки моҳи марти соли равон интишор ёфт, ба он равона шудааст, ки самараи муолиҷавии он дар бемористон нишон дода шавад. Ду таҷриба аз ҷониби Дидйе Раул ва тими вай аз Марсел роҳандозӣ шуд ва ҳарду таҷриба ҳам дар сатҳи методологӣ заъиф буданд ва натавонистанд нишон диҳанд, ки ин дору дар ҳақиқат барои табобати КОВИД-19 самаровар аст. Илова ба мушкилоти методологӣ натиҷаи бадастовардаи профессор Раул танҳо коҳиши таъсири вирус дар пешгоҳи комро нишон дод. Дар бораи мавҷудияти вирус дар шуш ва ё дурнамои табобати беморон чизе гуфта нашудааст.
Таҳқиқоти сеюм муталлиқ ба чиниҳост, ки боз ҳам моҳи март чоп шуда буд. Чиниҳо онро дар 30 бемори гирифтори короновирус таҷриба карданд ва натиҷа дилхоҳ аз он ҳосил нашуд. Баъди ду ҳафтаи мушоҳида вазъи саломатии ин беморон бе ягон фарқияти мушоҳидашаванда миёни гурӯҳҳои дигар рӯ ба беҳбудӣ овард. Ҳоло гидроксихлорохин дар доираи таҳқиқоти басо фарогири аврупоӣ (Discovery) мавриди омӯзиш қарор гирифтааст, ки бояд баъзе натиҷаҳо дода тавонад.
4. Он метавонад оқибатҳои ҳатто марговар ҳам дошта бошад.
Аз ҷумла, он метавонад сабабгори дарозтар шудани фосилаи QT гардад, муҷиби ҷиддан вайрон шудани тапиши дил шавад, ки оқибаташ марг бошад. Ин хатар боз дар ҳоли истифодаи ҳамзамони доруҳои дигар метавонад бештар шавад. Аллакай аз истифодаи ин дору ҳодисаҳои нохӯш ба қайд гирифта шудаанд. Дар Аквитанияи Нав аз рӯйдоде ҳикоят карданд, ки бар асари худмуолиҷа бо гидроксихлорид бемор ба шуъбаи эҳёгарӣ интиқол дода шуд.
5. Истисно ҳам нест, ки КОВИД-19-ро барои баъзе беморон бадтар мекунад.
Ҳам дар таҷрибаи Марсел ва ҳам дар чиниҳо ҳолатҳое ба мушоҳида расиданд, ки ҳоли баъзе беморони дар таҷрибабуда бадтар шуд. Яъне, то кунун иддиоҳо дар мавриди самароварии гидроксихлорид исботи илмӣ наёфтаанд ва тавсия он аст, ки алҳол аз истифодаи он бояд худдорӣ шавад.
Таҳияи Б.Шафеъ