Дар шаҳри Душанбе маросими қабули ёрии башарӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор градид. Ин ёриҳои башарӣ, ки ахиран дар 18 қатора вориди пойтахти кишвар шуд, аз 1 ҳазор тонна орд, воситаҳои антисептикӣ ва дезинфексионӣ, хилъатҳои тиббӣ, дастпӯшу ниқоб ва пойафзоли тиббӣ, респираторҳо ва айнакҳои тиббӣ иборат мебошад. Ин бори ёрии башариро то шаҳри Душанбе як ҳайат аз Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон оварда расонд.
Дар маросими қабул вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Эргаш Шоисматов, Муовини Директори Агентии давлатии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Зиёдуллоев ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.
Ҷониби Тоҷикистон ба Ҳукумати Ӯзбекистон барои расонидани ин кӯмаки бедареғ ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд ва ба ҳамкории дуҷонибаи ду кишвари бародар баҳои баланд дод.
Зимни суханронии худ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Эргаш Шоисматов зикр намуд, ки ин ёрии башарӣ ба Тоҷикистон танҳо як мисоли муносибатҳои хуби ҳамсоягӣ миёни ду кишвар ва халқ мебошад, ки бар пояи дӯстӣ ва ҳамрайъии анъанавӣ устувор шудааст.
Ҷаноби Сафир ҳамчунин таъкид кард, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар оянда низ барои таҳким ва рушди робитаҳои дӯстӣ миёни ду кишвар талош хоҳад кард.