САҲА БА КҲФ ДАР ПЕШГИРИИ COVID-19 КӮМАК КАРД (ВИДЕО)

Бо ҳадафи омодагӣ ба паҳншавии эҳтимолии бемории коронавирусии COVID-19 ва дар чорчӯбаи татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои байналамилалӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, имрӯз миёни САҲА ва КҲФ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими додугирифти воситаҳои ҳимоя баргузор гардид.

Дар маросим Раиси КҲФ генерал-лейтенант Назарзода Р. ва Сарвари Идораи барномавии САҲА дар Душанбе ҷаноби Валериу Кивер ширкат варзиданд.

Воситаҳои ҳимоя, ки пешкаши онҳо ба туфайли дастгирии Идораи барномавии САҲА дар Душанбе имконпазир гардид, пошдиҳандаҳои аккумуляторӣ ва дастии маҳлулҳои антисептикӣ, хлор, дока, спирт, глитсерин, равғани эфир ва собуни моеъро дар бар мегиранд. Ин воситаҳо дар байни ҳайати шахсии Кумита тақсим хоҳанд шуд.

Ҳангоми додугирифти техника Раиси КҲФ генерал-лейтенант Р.Назарзода аз Сарвари САҲА барои дастгирӣ миннатдорӣ изҳор намуда, қайд кард, ки кӯмаки имрӯз расида қабл аз ҳама ба пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 дар Тоҷикистон равона аст ва бидуни шубҳа дар ҳалли проблемаи бамиёномада саҳми худро мегузорад.

Дар навбати худ Сарвари САҲА ҷаноби Валериу Кивер қайд намуд, ки САҲА минбаъд низ тамоми талошҳои Ҳукумати Тоҷикистонро оид ба пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 дастгирӣ хоҳад кард.