Дар доираи татбиқи Нақшаи амали ситоди ҷумҳуриявии таҳкими чорабиниҳои зиддиэпидемӣ ҳангоми пандемияи короновирус COVID-19», ҳамчунин бо мақсади пешгирӣ аз таҳдидҳои инфексияи короновирус ва таъмини беҳбуди беҳдоштӣ-эпидемиологии аҳолӣ кормандони КҲФ якҷо бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо истифода аз техникаи махсуси КҲФ дар муассисаҳои бачагона, дар майдонҳо ва бозорҳои шаҳр корҳои таблиғотӣ роҳандозӣ намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот кормандони Кумита бо нишон додани наворҳои омӯзишии видеоӣ ва филмҳои аниматсионӣ, ки дар онҳо дар бораи чораҳои бехатарӣ, гигиенаи шахсӣ ва зарурати муроҷиати саривақтӣ ба табибон ҳагоми мушоҳидаи аввалин нишонаҳои короновирус сухан меравад, дар мавриди ин беморӣ сухан гуфтанд ва аҳолиро аз оқибатҳои хатарбори риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ ҳушдор доданд.
Дар поёни ҳар мулоқот ба сокинон варақаву китобчаҳои таблиғотӣ тақсим намуданд.