Павина Зуҳурова, як тоҷики муқими Лос-Анжлеси ИМА бо пахши навори видеоӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон муроҷиат кард. Ин навор рӯзи сеюм аст, ки дар фазои маҷозӣ гардон аст ва то кунун даҳҳо нафар онро бознашр кардаанд. Хонум Парвина мегӯяд ҳамроҳи шавҳар ва чаҳор фарзандаш дар ин шаҳри пурҷамъияти Амрико ҳаёт ба сар мебарад ва ҳама аҳли хонавода ба короновирус мубтало шуданд ва ҳоло муолиҷа шудаву худро чун миллионҳо сокини шаҳр дар карантин нигоҳ медоранд.
Парвина аз таҷрибаи зиндагии худ қисса мекунад ва маслиҳат медиҳад, ки ҳамватанонаш, ки ҳоло қадами номубораки КОВИД-19 нарасидааст, бояд чӣ кор кунанд. Вай мегӯяд барои муолиҷаи ин вирус то кунун доруи ягона вуҷуд надорад. Вале пирӯзӣ ба он имконпазир аст. Таҷрибаи хонаводаи вай нишон медиҳад, ки КООВИД-19 муолиҷаванда аст. Вале муҳимтар аз ҳама пешгирӣ аз он аст.
Мо салоҳ донистем ин навори видеоро дар сомона гузорем, то бинандаҳо тамошо кунанд ва тибқи маслиҳату машваратҳои Парвина Зуҳурова кор кунанд, худро эҳтиёт намоянд. Мақомоти давлатии Тоҷикистон ҳам борҳо таъкид кардаанд, ки дар кишвар ягон ҳодисаи сироят ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Вале сокинон бояд эҳтиёт кунанд ва тадбирҳои беҳдоштиро дар хона, кӯча, маҳалли кору таҳсил ҷиддан риоя намоянд.