Бо мақсади омода намудан ва бозомӯзии мутахассисони хадамоти зидди жолаи КҲФ дар Маркази таълимӣ ва методии ҷумҳуриявии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давраҳои омӯзиши барномаҳои компутерӣ барои кормандони ин хадамот оғоз ёфт.
Дар маросими ифтитоҳ Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода аз аҳамияти ин омӯзишҳо барои баланд бардоштани тахассуси ҳар як корманд ишора намуд ва гуфт: "Самаранокии ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ ва аҳолӣ аз офатҳои табиӣ аз масъулияти шумо вобаста аст ва ширкат дар ин гуна омӯзишҳо шуморо боз ҳам омодатар месозад”.
Қарор аст ин давраи омӯзишӣ муддати даҳ рӯз идома кунад ва дар он даҳ нафар кормандони Хадамоти жолаи Кумита таҳсил кунанд, барномаҳои махсуси компутериро омӯзанд ва онро барои фаъолиятҳои ояндаи пурсамари худ истифода баранд. Қарор аст дар ояндаи наздик дар ин хадамот барои такмили фаъолият техникаи нав ворид шавад ва омӯзишҳои даҳрӯза барои кор бо ин техника муфид хоҳанд буд.
Мураббиёни ботаҷрибаи Маркази таълимии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад, ба омӯзиши технологияҳои нави компютерӣ барои пешгирӣ аз бориши жола ва коҳиши зарари он ёрӣ мерасонанд.
Курсҳои мазкур дар доираи татбиқи минбаъдаи "Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ", ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии Рушд татбиқ мекунанд, роҳандозӣ шудааст.