Дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон савгандёдкунии наваскарон оғоз шуд, ки дар ин чорабиниҳо роҳбарони Кумита ширкат намуданд.
Чунончӣ, 20-уми моҳи майи соли 2021 дар яке аз қисмҳои ҳарбии Кумита, ки дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир шудааст, маросими савгандёдкунии наваскарони даъвати баҳорӣ баргузор шуд ва дар он муовини Раиси Кумита, полковник И.Иброҳимзода иштирок намуд.
Ин чорабинӣ бо риояи ҳама тадбирҳои беҳдоштӣ ба хотири пешгирӣ аз сирояти коронавирус баргузор шуд. Ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ бо ниқоб ҳозир шуданд ва қабл аз оғози чорабинӣ сарбозон бори дигар бо ҳароратсанҷ санҷида шуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки баъди вурудашон ба қаламрави қисми ҳарбӣ наваскарон аввал ба карантини дуҳафтаина фаро гирифта шуда буданд. Онҳоро дар сарбозхонаи махсус бо ҳама шароитҳои карантинӣ ҷобаҷо карда буданд. Танҳо баъди анҷоми ду ҳафтаи карантин ба онҳо имкон дода шуд, ки тадриҷан ба ҳаёти сарбозӣ одат кунанд.
Полковник И.Иброҳизода дар суханронии худ сарбозони ҷавонро муборакбод намуд ва изҳори умед кард, ки ду соли хизмат дар сафи артиш барояшон беҳуда нахоҳад гузашт. Онҳо дар ин сангари муҳаббат ва ҳифозат дифоъ аз тамомияти арзиву амнияти Ватани маҳбубро хоҳанд омӯхт. Ва ин мактаби инсонсоз тамоми умр барояшон чун дарси зиндагӣ хидмат хоҳад кард.