Ҳалокати як пирзани 70-75 сола дар сели ноҳияи Вахш. Шумори қурбониён ба 9 нафар расид
Чоп шуд: 12/05/2021 | redaktorБино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон як пиразани ба тахмин 70-75 сола аз селе, ки бар асари боронҳои шадид ба деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Вахш омад, ба ҳалокат расидааст. Дар хабар гуфта мешавад, ки ин ҳодиса нисфишабии рӯзи 11-уми май, соати 23:20 дақиқа рух додааст.