Дар вилояти Суғд ҷиҳати бартараф намудани оқибати сел, ки 4-уми майи воли 2021 дар ноҳияи Деваштич ва 6 – уми май дар ноҳияи Ашт ба қайд гирифта шуда буд, корҳои зерин анҷом дода шуданд:
Дар ноҳияи Деваштич:
- дар деҳаи Росровути ҷамоати деҳоти Росровути ноҳияи Деваштич бо истифодаи 3 адад боркунаки фронталӣ бо дарозии 550 метр ва бо баландии 4 метр селроҳаи дохили деҳа ва роҳи мошингард аз сангу шағал тоза карда шуд. Дар маҷмӯъ бо мақсади пешгирӣ ва сари вақт амалӣ намудани чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд дар ҳамаи минтақаҳои зери таҳдиди хатар қарордошта навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шуда, таҳти назорати Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ҳудудӣ қарор доранд.
Дар ноҳияи Ашт:
- дар ҷамоати деҳоти Ашт 400 метр селроҳа аз қуму шағал бо ёрии 3 адад Эксковатор бартараф карда шуд, дар ҷамоати Ошоба, деҳаи Ғудос, 600 метр роҳҳои маҳаллӣ бо 2 адад Погрузчик, 2 адад Камаз ва 50 нафар сокинони деҳот ба тариқи ҳашари дастаҷамъона барқарор карда шуд.
Раиси комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Ашт корҳои барқарорсозиро шахсан назорат мекунад. бартарафсозиву барқароркунии паёмадҳои офат идома дорад.
Ш. Бутаева