Тӯфони харобкор дар Гуҷароти Ҳинд: Оё он аз минтақаҳои мо низ гузар мекунад?
Чоп шуд: 18/05/2021 | redaktorҶамила Байдуллоева – сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд тӯфоне, ки аз субҳи имрӯз Гуҷароти Ҳиндро ба ҳам зад ва боиси харобиҳои зиёд ва нопадид шудани одамон шуд, ба минтақаҳои Осиёи Марказӣ таъсире надорад. Ин соҳибмақоми Агентии ҳавошиносии кишвар ҳамчунин гуфт, ки тӯфони Ҳинд бо номи "Тауктае” ёд шуд ва махсуси ҳамон минтақа аст ва ба ҳавзаи Осиёи Марказӣ таъсире нахоҳад дошт.