Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд дар асоси нақшаи чорабиниҳо дар мавриди риояи қоидаҳои оббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ дар мавсими оббозӣ дар соли 2021, корҳои тарғиботиву ташвиқотии пешгири ғарқшавии шаҳрвандон дар обанбори «Баҳри тоҷик» ва обутобгоҳҳои ҳудуди шаҳр як қатор корҳои пешгирикунанда ба роҳ монда шудааст.
Рӯзи гузашта аз тарафи кормандони бахши Рёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон дар ҳамкорӣ бо намояндаи шӯъбаи маорифи шаҳр ва намояндаи шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон майори милитсия Суҳроб Баҳромзода дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 бо иштироки омўзгорон, хонандагон ва волидайн мулоқот баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ афсари калони бахши Рёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон лейтенант Саймустафо Нуров изҳор дошт, ки бинобар сабаби гарм шудани ҳаво ва оғоз гардидани мавсими оббозӣ талаботи мардум ба обу оббозӣ рўз аз рўз зиёд мегардад. Албата обутоби бадан ва оббозӣ барои саломатии инсон ва баланд гардидани фаъолияти руҳию ҷисмонии он фоидаовар мебошад, вале бояд фаромўш накунем, ки об дар баробари фоиданок будан, боз сабабҳои фалокатовар низ дорад.
Инчунин ба хонандагон, омўзгорон, волидайн, муроҷиат карда шуд, ки ҳангоми оббозӣ дар обутобгоҳҳои соҳили «Баҳри тоҷик» ва ҳавзҳо талаботҳои бехатариро пурра риоя намуда, дар ҷойҳои манъшуда ва барои оббозӣ хавфнок ва дигар ҷойҳои хатарнок вориди об нагарданд.
Ҳангоми рафтан ба ба мавзеъҳои истироҳативу фароғатӣ фарзандони худро, хусусан, кӯдакони ноболиғи худро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Онҳоро роҳбаладӣ намоянд.Қоидаҳои шиновариро надониста, вориди об нагарданд. Ҳаёти худ ва наздикони худро зери хатар нагузоранд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки чунин вохӯриҳо дар дигар муассисаҳои шаҳр низ баргузор хоҳанд шуд.