Тӯфон дар Гуҷароти Ҳинд: 200 ҳазор нафар аз хонаҳои худ фирор карданд. 127 нафар нопадид шуданд

Як тӯфони шадид бо суръати 160 километр дар як соат иёлоти Гуҷароти Ҳиндро фаро гирифт. Тибқи охирин хабарҳо ситоди неруҳои дарёии Ҳинд эълон кард, ки як киштии борбарӣ дар об ғарқ шудаву 127 нафар дар соҳили Бомбай нопадид шуданд.

Ин гирдбод дар масири  соҳилҳои ғарбии Ҳинд ҳаракат мекунад ва то кунун аз кушта шудани 12 нафар гузориш расидааст. Беш аз 200 ҳазор нафар шаҳрвандон хонаҳои худро раҳо кардаву аз макони ҳодиса рӯ ба фирор овардаанд.

Дар ҳамин ҳол неруи баҳрии ҷангии ин кишвар се киштиро барои наҷоти ғарқшудагон эъзом кардааст. Дар хабар гуфта мешавад, ки ин афрод дар бандарҳо дар оғӯши тӯфони шадид мондаанд, вале аз чигунагии ҳоли онҳо хабари дақиқ нест.

Тӯфони шадид замоне оғоз шудааст, ки кишвар бо сирояти бесобиқаи вируси корона дасту панҷа нарм мекунад.

Субҳи имрӯз, сешанбе идораи ҳавошиносии Ҳинд аз тариқи Твиттер эълон кард, ки  ин тӯфон беш аз пеш заъиф шудааст ва се соати оянда суръати ҳаракати он боз ҳам коҳиш меёбад.

Тибқи хабарҳои дигар хонаҳои зиёде сари роҳи тӯфон хароб шудаанд ва давлати Ҳинд то кунун иттилои дақиқе аз ин харобиҳо ироа накардааст.

Масъулон ба хотири таъмини амнияту бехатарӣ дар баъзе минтақаҳо қувваи барқро қатъ кардаанд.

Аксҳо аз ВВС

барчасп: