Тӯфони харобкор дар Гуҷароти Ҳинд: Оё он аз минтақаҳои мо низ гузар мекунад?

Ҷамила Байдуллоева – сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд тӯфоне, ки аз субҳи имрӯз Гуҷароти Ҳиндро ба ҳам зад ва боиси харобиҳои зиёд ва нопадид шудани одамон шуд, ба минтақаҳои Осиёи Марказӣ таъсире надорад. Ин соҳибмақоми Агентии ҳавошиносии кишвар ҳамчунин гуфт, ки тӯфони Ҳинд бо номи "Тауктае” ёд шуд ва махсуси ҳамон минтақа аст ва ба ҳавзаи Осиёи Марказӣ таъсире нахоҳад дошт.

Ҷамила Байдуллоева дар зимн аз бодҳои мавсимии вазанда аз уқёнус ба самти хушкӣ ибрози ёд кард, ки аз моҳи июл то сентябр ба Помири Шарқӣ ва ноҳияи Ҷиргатол таъсир мерасонад. Аммо ӯ гуфт, ин бод ҳам ҳамасолаву доимӣ нест, балки баъзан мевазад ва таъсири харобкорӣ надорад.

Маврид ба ёдоварист, ки як тӯфони шадид бо суръати 160 километр дар як соат иёлоти Гуҷароти Ҳиндро фаро гирифт. Тибқи охирин хабарҳо ситоди неруҳои дарёии Ҳинд эълон кард, ки як киштии борбарӣ дар об ғарқ шудаву 127 нафар дар соҳили Бомбай нопадид шуданд.

Ин гирдбод дар масири  соҳилҳои ғарбии Ҳинд ҳаракат мекунад ва то кунун аз кушта шудани 12 нафар гузориш расидааст. Беш аз 200 ҳазор нафар шаҳрвандон хонаҳои худро раҳо кардаву аз макони ҳодиса рӯ ба фирор овардаанд.

Дар ҳамин ҳол неруи баҳрии ҷангии ин кишвар се киштиро барои наҷоти ғарқшудагон эъзом кардааст. Дар хабар гуфта мешавад, ки ин афрод дар бандарҳо дар оғӯши тӯфони шадид мондаанд, вале аз чигунагии ҳоли онҳо хабари дақиқ нест.

Тӯфони шадид замоне оғоз шудааст, ки кишвар бо сирояти бесобиқаи вируси корона дасту панҷа нарм мекунад.

Субҳи имрӯз, сешанбе идораи ҳавошиносии Ҳинд аз тариқи Твиттер эълон кард, ки  ин тӯфон беш аз пеш заъиф шудааст ва се соати оянда суръати ҳаракати он боз ҳам коҳиш меёбад.

Тибқи хабарҳои дигар хонаҳои зиёде сари роҳи тӯфон хароб шудаанд ва давлати Ҳинд то кунун иттилои дақиқе аз ин харобиҳо ироа накардааст.

Масъулон ба хотири таъмини амнияту бехатарӣ дар баъзе минтақаҳо қувваи барқро қатъ кардаанд. 

барчасп: