Бино ба маълумоти субҳи рӯзи 12-уми майи соли 2021 дар натиҷаи боронҳои пуршиддат дар қаламрави як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи марказ омадани сел ба қайд гирифта шуд, ки мутаассифона талафоти ҷонӣ доштанд. Бар асари ин офати табиӣ хонаҳои истиқоматии сокинон, қитъаҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои кишт зарар диданд, иншоотҳои ёрирасон хароб шуданд, ҳамчунин роҳҳои мошингард низ шуста шуданд
Чунончӣ, 11-уми мйи соли 2021 дар натиҷаи боронҳои шадид лойю лойоба роҳро дар минтақаи Лаби Ҷари ноҳияи Сангвор баст. Бо ёрии техникаи махсус роҳ тоза карда шуд ва ҳаракати мошинҳо барқарор гардид.
Ҳамчунин дар деҳаи Нигова ва Ниёзбегиёни ҷамоати Қалъаи Сурхи ноҳияи Рашт лойоба 14 қитъаи наздиҳавлигии сокинонро зери об кард ва ба ду иншооти ёриррасон қисман зарар расонд. Дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда фаъолият дорад.
Дар деҳаи Дараи Фони ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб бар асари сели азим туғёни об ду чорвои калон ва як мошини тамғаи «Foton»-ро зери об кард. Талафоти ҷонӣ нест.
Дар километри 408 – уми роҳи мошингарди Дарвоз – Хоруғ, дар наздикии деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвози ВМКБ сел сабаби баста шудани ин қитъаи роҳ шуд. Дар айни замон роҳ аз ҳар гуна лойобаву сангу хок пок шудаву ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шудааст. Дар ин ноҳияҳо низ сели азим талафоти ҷонӣ надошт.
11 – уми майи соли 2021 тақрибан соати 21:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар натиҷаи боронҳои пуршиддат аз километри 218 то 238 роҳи мошингарди Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ сел омад.
Мутаассифона, дар деҳаи Ҷагами ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон се сокини ин русто, ки яке 39-сола, дуюмӣ 29-сола ва сеюмӣ ҳамагӣ 10 сол дошт, ба ҳалокат расиданд. Ин се нафар ҳангоми омадани сел дар дохили мошин буданд. Ва як мусофири мошин, хонуми 45-солаи ҳамин деҳа бо ҷароҳатҳои вазнин зинда монд.
Дар натиҷаи офати табиӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Даштиҷум, деҳаи Порвори ҷамоати деҳоти Нуриддин Маҳмадови ноҳияи Шоҳини вилояти Хатлон, таҳхонаҳои 26 бинои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасон, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва роҳҳои байни деҳот зери об монданд.
Дар шаҳри Кӯлоб, дар натиҷаи офати табиӣ, биноҳои истиқоматӣ, ки дар кӯчаҳои Завод, Садиков, қитъаҳои 3, 4, 5 ва маҳаллаи Файзободи боло, Первомай, Раҳимзода ва Пашадара ҷойгиранд, зери об монданд. Ғайр аз ин, боғҳо зарар диданд.
Ҳангоми сел дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон 3 нафар ҷон бохтанд, ки ду нафари онҳо дар мошин буданд ва як нафар дар сел фавтид.
Дар ҳудуди деҳаи Эргаши ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён омадани сел ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа 10 метр шоҳроҳи шаҳри Бохтар ва ноҳияи Данғара канда шуда, 1 адад автомашинаи боркаши тамғаи “Дулан”, ки ба як шаҳрванди 34-солаи ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа, деҳаи Эргаш таалуқ дошт, дар маҷрои селроҳа дар монда, чаппа мешавад ва ронанда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ҷасади номбурда 25 км поёнтар аз ҷои ҳодиса дар деҳаи Сенакоси ҷамоати деҳоти Машъали ноҳияи Вахш пайдо ва ба хешовандонаш супурда шуд.
4 мусофири як мошини танғаи “Некси”, ки дар миёни сел монда буд, наҷот дода шуданд.
Дар қаламрави ҷамоати Сангтӯдаи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон як пуле, ки роҳи Данғара-Левакантро ба ҳам мепайваст, қисман хароб гардид.
Дар ҳудуди деҳаҳои Даштобод, Обимики ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон лойоба таҳхонаи хонаҳои истиқоматӣ, қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои киштро пӯшонид.
Дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Хуросон, Вахш ва Муъминободи вилояти Хатлон сел ба хонаҳои истиқоматии сокинон, қитъаҳои наздиҳавлигӣ, пулҳо ва роҳҳои байниминтақавӣ зарар расонд.
Бо вуҷуди ҳушдорҳои батакрори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар бораи даст кашидан аз чаронидани чорво дар чунин рӯзҳо, ҳангоми човочаронӣ як сокини 26-солаи деҳаи Халқадашти ҷамоати деҳоти ба номи М.Турсунзодаи шаҳри Ҳисор зери лойоба монда, дар ҷойи ҳодиса ҷон бохт.
Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуд, ки ба он Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода роҳбарӣ мекунад. Ба ҳайати Комиссия Вазири корҳои дохилӣ, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, вазири нақлиёт, раиси вилояти Хатлон шомиланд. Аъзои ин комиссия дар айни ҳол ба минтақаҳои офатзадаи шаҳрҳои Кӯлоб, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Муъминободи вилояти Хатлон эъзом шудаанд.
Дар айни замон ин Комиссия аз манотиқи офат дидан мекунад, ҳаҷми зарари расидаро муайян месозад. Ҳамзамон бо ин корҳои баратарафсозии паёмадҳои оқибатҳои офати табиӣ роҳандозӣ шуда, об аз таҳхонаҳо кашида мешавад, роҳҳо тоза карда мешаванд, қитъаҳои наздиҳавлигӣ аз лойобаҳо пок карда мешаванд.
Дар нимаи аввали рӯзи 12-уми мйи соли 2021 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҷаласаи кории ин Комиссия дар назар аст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хотиррасон мекунад, ки то 14 майи соли равон ҳавои номусоид боқӣ мемонад, хавфи лағзиши тарма дар минтақаҳои кӯҳӣ, омадани сел, резиши сангу рег, боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо ва обанборҳо вуҷуд дорад.
Дар ҳамин иртибот Кумита як бори дигар аз сокинон хоҳиш мекунанд дар чунин рӯзҳои пурбориш ва пурхавф аз роҳандозии ҳар гуна корҳои саҳро, рафтан ба кӯҳу доманакӯҳҳо, чаронидани чорво ва ғайра худдорӣ намоянд. Муваққатан ба хотири ҳифзи амнияти худ аз сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.