Ҳалокати як пирзани 70-75 сола дар сели ноҳияи Вахш. Шумори қурбониён ба 9 нафар расид

Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон як пиразани ба тахмин 70-75 сола аз селе, ки бар асари боронҳои шадид ба деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Вахш омад, ба ҳалокат расидааст. Дар хабар гуфта мешавад, ки ин ҳодиса нисфишабии рӯзи 11-уми май, соати 23:20 дақиқа рух додааст.

Дар натиҷаи боронҳои шадид сел аз доманакӯҳҳо сарозер шудааст ва сатҳи оби канали Қумсангир боло рафта,  20 замини наздиҳавлигии сокинони рустои ёдшударо пӯшидааст. Ҳамчунин ин сели азим ба хонаҳои истиқоматии сокинон пурраву қисман зарар расондааст.

Ба ҷойи ҳодиса 7 нафар имдодгарони Раёсати КҲФ дар Хатлон сафарбар шудаанд ва баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот якҷо бо сокинони маҳал ҷасади пиразанро аз миёни лойоба берун оварданд ва ба пайвандонаш супурданд.

Бино ба омори расмӣ шумори ба ҳалокатрасидагон ба селҳои рӯзҳои ахири вилояти Хатлон ба 9 нафар расид. 

Вазъ дар субҳи 12-уми майи соли 2021. Селҳои азим сабабгори харобиҳо ва талафоти ҷонӣ шуданд (ВИДЕО)

Дар ҳамин ҳол бахши тоҷикии Азия-плюс хабар додааст, ки як зани наҷотёфта дар мошини зериобшуда дар минтақаи Кӯлоб ҳамсари ҳунарманди мардумӣ Қадами Қурбон будааст. Қадами Қурбон наҷоти ҳамсараш дар ин фоҷеаро тасдиқ кардааст. Азия-Плюс ба нақл аз ҳунарманд овардааст, ки ҳамсараш барои хариди маҳсулоти дастархони Иди Рамазон ба бозор рафта буд ва дар роҳи деҳаи Чагам сел автомашинаи онҳоро бурдааст. Дар натиҷа пойҳо ва камари Шамсиддинова ҷароҳат бардоштааст.

«Дар мошин боз се нафари дигар будаст, ки мутаассифона онҳо ҳалок шуда, ҳамсари ман зинда мондааст. Худоро шукр, ки соқу саломат ба назди фарзандонаш омад. Ҳоло вазъи саломатияш хуб аст, пойҳо ва миёнаш камтар осеб диданд, вале сахт тарсидааст. Боз рӯзадор аст, хоҳиш кардем рӯзаро бихур то қувват бигирӣ, не мегӯяд», - илова кард Қадами Қурбон.

Маврид ба ёдоварист, ки дар шаҳри Кӯлоб аз субҳи имрӯз Ситоди ҳолатҳои фавқулода ба фаъолияти худ оғоз кард. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷамъе аз аъзои Ситоб аз ҷойҳои офатзада дидан намуданд ва бо мардум аз наздик ҳамсуҳбат шуданд.

Як силсила суратҳое, ки меорем, ҳикоятгари кори Ситоди ҳолатҳои фавқулода аст. 

Аксҳо аз Фейсбук

барчасп: