13 сол пеш дар ҳамин рӯз. Зилзилаи харобкори Чин, ки беш аз 87 ҳазор нафарро кушта буд

Ин зилзила 12 майи соли  2008 соати 14:28 ба вақти Пекин дар вилояти Сичуани Чин рух дод. Созмони зилзиласанҷии Чин шиддати онро 8 М балл эълон намуд, тибқи маълумоти Хадамоти биологии ИМА 7,9 балл буд. Ин заминларза ба ҳадде шадид буд, ки онро дар Покистон, Ҳиндустон, Бангладеш, Ветнам, Непал, Муғулистон, Русия низ ҳисс карданд.

Маркази зилзила дар 82-километрии (ба маълумоти дигар 75 км) шимолу ғарби вилояти Сичуан шаҳри Чэнду буд. Дар минтақаи вуқуъи заминларза ҳудуди 12 миллион нафар зиндагӣ мекунанд ва дар 260 километрии он низ вилояте бо 30 миллион нафар ҷамъият қарор дорад.

Бар пояи охирин гузоришҳои расмӣ омори кушташудагони ин зилзила ба 87 ҳазору  587 нафар ва омори нопадидшудагон ба 18 ҳазору 627 нафар расидааст. 374 ҳазор нафари дигар захиӣ шудаанд.

Ҳудуди 80% сохтмонҳо дар минтақаи зилзилазада осеб дидаанд, як мктаб ба таври комил аз байн рафтааст, ҳудуди 6,7 миллион хона дар минтақа осеб дидааст.

Аз кишварҳои хориҷа, ба мисли ИМА, Русия, Сингапур ба Чин маводи имдодӣ ироа шуд.

Эстафетаи Машъали Олимпиадаи соли 2008 ба хотири фавтидагони ин заминларза боздошта шуд ва мактаббачаи чинӣ Лин Ҳао, ки ду дӯсташро аз зери вайронаҳо наҷот дода буд, ҳақи онро пайдо кард, ки парчами Чинро дар расми ифтитоҳи бозиҳои Олимпии хонагӣ бо устураи баскетболи Чин Яо Мин бардорад.

Наққоши чинӣ Ай Вэйвэй барои интишори омори ғайрирасмии фавтидагон ва тафтиши коррупсия дар ҳукуматҳои маҳаллӣ, ки сабабгори бунёди хонаҳои сифатан пасту ба зилзила осебпазир шуда буд, зиндонӣ шуд. 

Шорун Стоун бозигари амрикоӣ бо пахши изҳороте бо интиқод аз амалкарди давлати Чин дар саркӯби қиёми Тибет ин зилзиларо ҳосили иқдомоти хушунатомези давлати Чин донист. Аммо баъдтар Шервон Стоун ба хотири ин суханонаш узрхоҳӣ низ кард. Вале давлати Чин ӯро набахшид ва филмҳоеро, ки дар онҳо Стоун нақш офаридааст, ба қаламраваш манъ кард.

БОЗ ДАР ЧИН:

Бадтарин заминларза дар таърихи Чин дар соли 1976 рух додааст, ки 242 ҳазор кушта доштааст.

Моҳи марти соли 2008 зилзилаи 7,2 балл тибқи ҷадвали Рихтер хисороти камтар доштааст.

Моҳи феврали соли 2003 зилзилаи 4,8 балли Рихтер ҳаддиақал 96 кушта ва  200 захмӣ ба ҷой гузоштааст.

Моҳи июни соли 1998 зилзилаи 6,2 балл 47 нафарро ба ҳалокат расондаву 2 ҳазор нафарро захмӣ кардааст. 

барчасп: