Дар қисмҳои ҳарбии КҲФ, ки дар ноҳияҳои Шаҳринав ва Рашт мустақаранд, маросими савгандёдкунии наваскарон доир гардид. Наваскарони даъвати баҳорӣ савганди садоқат ёд карданд. Дар ин маросимҳо ҷонишини Раиси Кумита, полковник И.Иброҳимзода, намояндагони мақомоти маҳаллии давлатӣ, фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ, хешовандони сарбозон ва хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ ширкат намуданд.
Полковник И.Иброҳимзода зимни суханронии худ зикр намуд, ки ин лаҳзаи хеле муҳим ва фаромӯшношуданӣ дар ҳаёти ҳар сарбоз аст, ки ба номи Ватан савганди садоқат ёд мекунад. Хизматчии ҳарбӣ бояд дар ҳама ҳолат барои адои қарзи худ омода бошад. Бахусус сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамеша омодаи амалиётҳои наҷот бояд бошанд.
Барои меҳмонон ва хешовандони сарбозон намоиши техникаи наҷот ташкил ва намунае аз амалиётҳои наҷотро амалан иҷро карданд.
Баъди анҷоми маросими савгандёдкунӣ роҳбарони КҲФ бо пайвандони сарбозон мулоқот карданд ва онҳоро ба шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ аз наздик ошно сохтанд ва ба суолҳои онҳо посух доданд.