4-уми июни соли равон Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии шарикони байналмилалӣ ба 39 хоҷагии ҷамоатти деҳоти ноҳияи Ҳисор, ки 11 майи соли ҷорӣ аз сел зарар дида буданд, кумак расонд.
Ин ёриҳо аз маводи ғизоӣ, ашёи ниёзи аввал, кӯрпаҳо, бастаҳои беҳдоштӣ, зарфҳо барои об, ҳабҳои поксозии оби нӯшокӣ ва ғайра иборат буданд.
Бо ёрии техникаи махсуси Кумита кумакҳои башарӣ ин кумакҳо ба панҷ рустои ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Ҳисор расонда шуда, бо иштироки Комиссяи ноҳиявии ҳолатҳои фавқулодда ва ҷонишини Раиси КҲФ, полковник И.Иброҳимзода ёриҳои расида ба аҳолии ниёзманд тақсим карда шуд.
Дар айни замон корҳои барқарорсозии паёмадҳои офати табиӣ идома доранд ва он зери назорати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Маврид ба ёдоварист, ки аз аввалин рӯзи офатҳо ва селҳои харобкор дар қаламрави кишвар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафъи паёмадҳои он фаъолона иштирок дорад ва аз ҷараёни ин фаъолиятҳо гузоришҳои зиёде дар сомонаи худ мунташир кардаем.
Як бахши ин фаъолиятҳо ҷалби шарикони хориҷӣ барои расонидани кумакҳо ба аҳолии зарардида буд, ки дар кулли ноҳия ва ҷамоатҳои деҳоти зарардида дар шакли маводи сохтмон, маводи ғизоӣ, бастаҳои беҳдоштӣ, доруворӣ ва кӯрпаву болиштҳо амалӣ гардид.