Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 10 то 16-уми моҳи майи соли 2022 дар қаламрави мамлакат ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Боронҳои пуршиддат, шамоли сахт, жола, раъду барқ метавонанд як муддати ба зиндагии сокинон мушкилиҳо оваранд.
Бар асари ҳавои номусоид дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва навоҳии ғарбии ВМКБ сатҳи об дар рӯдхонаҳо метавонад якбора боло шавад, хатари селҳои харобкор, лағзиши тарма, ярч, резиши санг вуҷуд дорад.
Дар ҳамин иртибот Кумита ба такрор аз шаҳрвандони хоҳиш мекунад чораҳои бехатарӣ андешанд, муваққатан аз ҷамъоварии ҳезуму алафҳои дорувор, занбурӯғҳо, чорвочаронӣ, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд.
Ҳавои номусоид кор дар чарогоҳҳоро мушкил мекунад, дар ин рӯзҳо хеле бояд эҳтиёткор буд. Хуб мешуд чорвои хонагиро як муддат ба саҳро набаред.
Кумита тавсия медиҳад, ки ҳангоми раъду барқ аз зери симчӯбҳо ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ дур бошед, хуб мешуд дар ин лаҳзаҳо аз телефон ва таҷҳизоти барқӣ истифода накунед.
Ронандагони мошинҳо ҳангоми сафар дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро риоя кунанд, ҳавои боронӣ мушкили дид дорад ва хуб мешуд суръати ҳаракатро боло набаранд ва масофаро риоя кунанд. Ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ шабона барои ронандагоне, ки мошинҳои сияҳшиша доранд, низ маслиҳат нест.
Кумита чун ҳамеша аз аҳолӣ хоҳиш мекунад қабл аз оғози боронҳо ҷӯйборҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо, сангу рег тоза кунанд. Бояд ҳамеша телефонҳои шумо омода бошанд, то дар сурати пеш омадани ягон ҳолати фавқулода тавонед бе мамониат занг занед.