видео

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда фаъолияти яксолаи худро ҷамъбаст намуд (ВИДЕО)

5 январи соли 2023 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ҷаласаи коллегия оид ба ҷамъбасти фаъолиятҳои фаврӣ-хидматӣ дар соли 2022 баргузор гардид. Дар ҷаласа сардори Раёсати мудофиа ва таъминоти ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор А.Маҷидзода ширкат намуд.

Наваскарони даъвати тирамоҳӣ дар Боғи Ғалабаи ноҳияи Рӯдакӣ савганд ёд карданд (ВИДЕО)

17 ноябри соли 2022 дар боғи Ғалабаи ноҳияи Рӯдакӣ наваскарони даъвати тирамоҳии соли ҷории Қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон савганди ҳарбӣ ёд карданд. Дар ин маросим пайвандони наваскарон, фармондеҳон ва ҳамхидматон,ҳамчунин собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҳузур доштанд. 106 нафар наваскарон аз 3 қисми ҳарбии КҲФ дар ин рӯз савганди садоқат ба Ватан ёд карданд.

Фурӯ рафтани як пул дар Ҳинд сабаби ҳалокати 141 нафар шуд (ВИДЕО)

Бар асари фурӯ рафтани пул дар иёлати Гуҷарот воқеъ дар ғарби Ҳинд ҳаддиақал 141 нафар ба ҳалокат расиданд. Аммо мақомот мегӯянд теъдоди фавтидагон метавонад афзоиш ёбад. Ин пул чанд рӯз баъд аз як таъмири тӯлонӣ фурӯ рехт.

Мақомоти интизомии Ҳинд субҳи имрӯз, душанбе шумори ҳалокшудагонро 141 нафар эълон карданд.

Ҷаласаи Платформаи милли коҳиши хатари офатҳо баргузор шуд (ВИДЕО)

14 сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбари Ҷонишини аввали Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Ҳокимшо Латифзода ҷаласаи Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳо баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа беш аз 15 нафар роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ки нозирони Платформаи миллӣ мебошанд, ширкат варзиданд.

Страницы