14 сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбари Ҷонишини аввали Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Ҳокимшо Латифзода ҷаласаи Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳо баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа беш аз 15 нафар роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ки нозирони Платформаи миллӣ мебошанд, ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа оид ба пешгӯии равандҳои хатарноки гидрометеорологӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо, мониторинги равандҳои хатарноки экзогенӣ-геологӣ дар минтақаҳои хатарноки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиршуда, натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ оид ба воситаҳо ва усулҳои нав дар ин сам, маълумот дар бораи тартиби ҷалби сармояи хориҷӣ барои татбиқи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030”, ҳисобот оид ба иҷрои “Барномаи давлатии корҳои ҳифзи бонкҳо” барои солҳои 2018-2022» ва тадбирҳои минбаъда, маълумот оид ба огоҳонидани аҳолӣ дар самти омодагӣ ба офатҳои табиӣ тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ ва натиҷаҳои татбиқи Лоиҳаҳо ва Барномаҳо дар соҳаи паст кардани хатари офатҳои табиӣ дар минтақаҳои Ҷумҳурӣ Точикистон шунида шуд.
Дар ҷаласа роҳбарон ва намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи Миллии Илмҳо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии мелиоратсия ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра суханронӣ карданд ва дар корҳои анҷомдода дар ин самт ҳисобот доданд.
Дар фарҷом миёни аъзоён ва иштирокдорони ҷаласаи Платформаи миллӣ оид ба истифодаи самараноки маблағҳои аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудогардида ҷиҳати коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ табодули афкор сурат гирифт.
Қобили зикр аст, ки Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012 қабул шудааст.