5 январи соли 2023 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ҷаласаи коллегия оид ба ҷамъбасти фаъолиятҳои фаврӣ-хидматӣ дар соли 2022 баргузор гардид. Дар ҷаласа сардори Раёсати мудофиа ва таъминоти ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор А.Маҷидзода ширкат намуд.
Дар кори коллегия сардорони сарраёсатҳо, раёсатҳо ва шӯъбаҳои Дастгоҳи марказӣ, раёсату шӯъбаҳои минтақавии КҲФ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар соли 2022 ҷамъбаст гардида, вазифаҳо дар соли 2023 муайян карда шуданд.
Ҷаласаро раиси Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки ҳарчанд давраи гузаштаи соли 2022 барои ҷумҳурӣ осон набуд, вале кормандони Кумита тавонистаанд, ки ба аҳолии осебдида сари вақт кумаки ҳамаҷониба расонанд.
Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар самти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар соли 2022 муовини аввали раиси КҲФ, полковник Ҳотамшо Латифзода суханронӣ намуд.
Вай зикр кард, ки Кумита дар соли 2022 бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, барои татбиқи Нақшаи корӣ дар соли 2022 талош намуд.
Ба корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода, коҳиши хатари офатҳо диққати бештар дода шуд. Барои сари вақт пешгирӣ намудан аз ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ дар маконҳои осебпазир корҳои пешгирикунанда аз хатари офатҳо роҳандозӣ шуданд.
Дар масъалаи роҳандозии корҳои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, генерал-майор Ҷамшед Камолов суханронӣ кард.
Ҳамзамон Раиси Кумита, генерал-полковник Рустам Назарзода ба як қатор камбудиҳо дар кор ишора намуд ва барои бартараф кардани онҳо дастурҳо дод.
Дар бораи ҳолати кор дар самти мудофиаи гражданӣ ва гузаронидани чорабиниҳо дар ин самт сардори Сарраёсати КҲФ оид ба мудофиаи гражданӣ полковник Хуршед Вализода ҳисобот дод.
Ҳамчунин ҳисоботи сардори раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ ва сардори раёсати қувваҳои КҲФ шунида шуд.
Сардори Раёсати мудофеа ва таъминоти ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор А.Маҷидзода зимни суханронии худ барои беҳтар кардани фаъолияти КҲФ дар соли 2023 ба таҳкими корҳо ба омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо, баланд бардоштани интизоми ҳарбӣ ва ҳамкориҳои бунёдӣ бо дигар вазорату идораҳо даъват намуд.
Зимни ҷамъбасти ҷаласаи коллегия раиси КҲФ оид ба ҳадафҳои дарпешистода сухан ронда, ба аҳамияти иҷрои фармону супоришҳои дахлдори Сарвари давлат, аз ҷумла иҷрои бечунучарои вазифаҳои ба уҳдаи Кумита гузошташуда, иҷрои барномаҳои давлатӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи босамари Барномаҳои қаблан қабулшуда таъкид намуд. Раиси Кумита риояи қатъии интизоми ҳарбӣ ва хидматӣ ва баланд бардоштани масъулияти шахсии ҳар як корманди Кумитаро барои иҷрои вазифаҳои вазифавӣ талаб намуданд.
Дар поёни ҷаласа вазифаҳо барои соли 2023 ва самтҳои асосии фаъолияти КҲФ муайян карда шуданд.