видео

Изҳороти КҲФ дар бораи заминларзаҳои имрӯз. Дар кӯли Сарез тағйироте нест, ташвишу изтироб маъно надорад! (ВИДЕО)

Имрӯз, 23-уми феврал дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ҳодисаи заминларза ба қайд гирифта шуд. Такони аввали замин соати 5:37 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух дод, ки маркази он 67 км ғаби маркази ноҳияи Мурғоб, воқеъ дар шарқи Тоҷикистон, 400 км ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 30 км шарқтари кӯли Сарез буд. Қувваи заминларза дар марказ 6,8 балл ва умқи он 20,5 км буд.

Қувваи заминларза дар шаҳри Хоруғ 5-6 балл, дар Душанбе 2-3 балл. Талафоти ҷониву хисороти дигар набуд.

Сафири Туркия дар Тоҷикистон имдодгарони тоҷикро қаҳрамонони кишвараш хонд (ВИДЕО)

Дастаи 50-нафараи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 01:00 дақиқаи рӯзи 23-уми феврали соли равон аз Туркия баргашт. Имдодгарон аз 10-уми ферали соли равон дар қаламрави зилзилазади Ҷумҳурии Туркия ба корҳои ҷустуҷӯву наҷоти сокинони зери вайронаҳо монда машғул шуданд.

Мулоқот бо ҳайати Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар КҲФ (ВИДЕО)

Дар доираи рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда 21 феврали соли 2023 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо сарварии Роҳбари Сарраёсати Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ – Ёвари ҷонишини вазири корҳои хориҷии Арабистон...

Имдодгарони тоҷик аз зери харобаҳои заминларза дар шаҳри Қаҳрамонмаръаши Туркия 168 ҷасадро берун оварданд (ВИДЕО)

Шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қаҳрамонмаръаши Туркия аз зери харобаҳову вайронаҳо ҷасади бо 33 нафар қурбониёни заминларзаи Туркияро берун оварданд ва ба мақомоти дахлдор супурданд.

Теъдоди ҷасадҳои ёфтаи имдодгарони тоҷик аз зери биноҳои харобшуда   дар Туркия ба 168 нафар расид.

Тарма дар Хоруғ. Хабари расмӣ (ВИДЕО)

Бар асари лағзиши тарма дар қаламрави шаҳри Хоруғи ВМКБ 8 нафар сокинони маҳаллӣ (писар ва духтари чорсола, чор зан) ба ҳалокат расиданд. Бо талоши наҷотдиҳандагон то соати 14:00 дақиқаи 15-уми феврали соли 2023  нуҳ нафар сокинони зери тармамонда наҷот дода шуданд.

Дар ин офати табиӣ 22 хонаи истиқоматии сокинон зарар дид: 4 хона пурра ва 18 хона қисман хароб гардид.

Страницы