Шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қаҳрамонмаръаши Туркия аз зери харобаҳову вайронаҳо ҷасади бо 33 нафар қурбониёни заминларзаи Туркияро берун оварданд ва ба мақомоти дахлдор супурданд.
Теъдоди ҷасадҳои ёфтаи имдодгарони тоҷик аз зери биноҳои харобшуда дар Туркия ба 168 нафар расид.
Дар ин миён се нафарро зинда берун оварданд, ки дуи онҳо тифлон буданд.
Ҷустуҷӯи ҷасадҳо ва рафъи паёмадҳои зилзилаи мудҳиши Туркия идома дорад.
Бино ба хабарҳои расмӣ то кунун дар ин офати табиӣ дар Туркия ва Сурия беш аз 41 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.