Дар доираи рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда 21 феврали соли 2023 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо сарварии Роҳбари Сарраёсати Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ – Ёвари ҷонишини вазири корҳои хориҷии Арабистон оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ҷаноби Муҳаммад Муҳаммад ибни Абдулҳодӣ Ал-Матрафӣ баргузор шуд.
Дар мулоқот Сафири Фавқулодда ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдон, ҳамчунин гурӯҳи кормандони Маркази дастгирӣ ва ёриҳои башарии Шоҳ Салмон (Бунёди Шоҳ Салмон) ширкат намуданд.
Дар мулоқот ҷонишини аввал Раиси КҲФ полковник Ҳотамшо Латифзода ба ҷаноби Муҳаммад Муҳаммад ибни Абдулҳодӣ Ал-Матрафӣ дар бораи самтҳои фаъолият ва шеваву усулҳои кори идора, сохтор ва воҳидҳо, ҳамчунин дар бораи корҳое, ки барои пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва бартарафсозии паёмадҳои он андешида мешавад, маълумот дод.
Дар мулоқот бо ҳайати Арабистони Саудӣ масъалаҳои мусоидат ба таҳкими иқтидори техникии Кумита, таъсиси маркази симулятсионии дорои синфҳои интерактивӣ, харидани таҷҳизоти махсус барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, таҷҳизоти махсус барои наҷотдиҳандагон, расонидани кӯмаки башардӯстона ба аҳолии осебдида, баррасӣ шуд.
Дар ин дидор дар мавриди ироаи кумакҳои башардӯстона аз ҷониби Бунёди Шоҳ Салмон ба аҳолии осебдидаи Тоҷикистон аз офатҳои табиии зимистони соли ҷорӣ ва ҳамчунин кумак ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ ба маблағи умумии 1,5 миллион доллар тавофуқ ҳосил шуд.
Маврид ба таъкид аст, ки ин ёриҳо ба 12 ҳазор аҳолии ниёзманди Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд. Бар асоси муоҳада ёрии Бунёди Шоҳ Салмон аз тариқи Кумита дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳои Тоҷикитсон муддати шаш моҳи соли 2023 тақсим карда мешавад.
Сафари ҳайати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳо аз ҳолатҳои фавқулодда ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт марҳалаи муҳим ба ҳисоб меравад.
Тавре маълум аст, Бунёди Шоҳ Салмон як қатор тарҳҳои иқтисодиву иҷтимоиро дар Тоҷикистон маблағгузорӣ кардааст. Аз ҷумла, бо кумаки молии Бунёди мазкур дар соли 2018 бинои нави Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумита бо харҷи ҳудуди 1 миллион доллари амрикоӣ сохта шуд.