Дастаи 50-нафараи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 01:00 дақиқаи рӯзи 23-уми феврали соли равон аз Туркия баргашт. Имдодгарон аз 10-уми ферали соли равон дар қаламрави зилзилазади Ҷумҳурии Туркия ба корҳои ҷустуҷӯву наҷоти сокинони зери вайронаҳо монда машғул шуданд.
Дар фурӯдгоҳи байналмилалӣ онҳоро ҷонишини сарвазири Тоҷикистон, роҳбарони КҲФ, сардорони сарраёсат ва раёсатҳо, шуъбаҳои КҲФ, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Туркия дар Тоҷикистон ҷаноби Умур Аджар, пайвандон ва наздикони наҷотдиҳандагон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии кишвар бо гулдастаҳо, нону нону намак ва нидоҳои “ОФАРИН!” пешвоз гирифтанд.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Туркия дар Тоҷикистон ҷаноби Умур Аджар наҷотдиҳандагони моро қаҳрамонони Туркия номид ва илова кард, ки вай ба фурудгоҳ омад то қаҳрамонони кишварашро истиқбол гирад. Вай гуфт то ба ин лаҳзаҳо наҷотдиҳандагон қаҳрамонони Тоҷикистон буданд, аммо ҳоло қаҳармонони Туркия низ мебошанд.
Маврид ба ёдоварист, ки аз оғози ширкаташон дар амалиётҳои наҷот ва ҷустуҷӯ имдодгарони тоҷик 217 нафар қурбониёни заминларзаи мудҳишро аз зери вайронаҳову харобаҳо берун оварданд. Ҷони се танро зинда наҷот доданд, ки ду нафари онҳо кӯдакон буданд.
Наҷотдиҳандагони КҲФ ва духтурон аз аввалин дастаҳои наҷоти кишварҳои хориҷ дар Туркия буданд, ки дар кори ҷустуҷӯву наҷоти зилзилазадагон ёриҳои амалии худро расонданд.