Паёмадҳои офати табиӣ дар Турсунзода бартараф мешаванд (ВИДЕО)

Боронҳои пуршиддати рӯзҳои 5-6-уми май боиси боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳои Қаратоғ, Ширкент ва каналҳои Хоҷанақширон, Заркамар, Муллошодӣ ва зери об мондани чандин қитъаҳои наздиҳавлигии ноҳияи Турсунзода шуда буд. Аз ҷумла, дар деҳаи Файзбахш об ба 237 хоҷагӣ таҳдид мекард.

Барои анҷом додани корҳо ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои ин ҳодиса қувва ва воситаҳои Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Турсунзода ва сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шуданд.

Барои пешгирии оқибатҳои сел гурӯҳи фаврӣ таҳти роҳбарии муовини раиси КҲФ полковник Иброҳимзода И. ва Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳр ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд. Аҳоли муваққатан ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуд. Ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ надошт.

Ба ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ низ зарар расидааст.

Дар айни замон вазъ дар ҷумҳурӣ муътадил аст, минтақаҳои ба сел осебпазир зери назорат қарор доранд. Дар рустоҳое, ки аз селҳо зарар дидаанд, корҳои бартарафсозии паёмадҳои он идо ма доранд.  

Ҳамзамон бо ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 10 то 16-уми моҳи майи соли 2022 дар қаламрави мамлакат ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Боронҳои пуршиддат, шамоли сахт, жола, раъду барқ метавонанд як муддати ба зиндагии сокинон мушкилиҳо оваранд.

Кумита чун ҳамеша аз аҳолӣ хоҳиш мекунад қабл аз оғози боронҳо ҷӯйборҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо, сангу рег тоза кунанд. Бояд ҳамеша телефонҳои шумо омода бошанд, то дар сурати пеш омадани ягон ҳолати фавқулода тавонед бе мамониат занг занед. 

 

 МАТОЛИБИ ҲАМСОН:

ҲУШДОРИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВВҚУЛОДДА АЗ БОРОНҲОИ ШАДИДИ РӮЗҲОИ 10-16 МАЙ (ВИДЕО)

СЕЛ МЕОЯД. ЧӢ БОЯД КАРД? ТАВСИЯҲОИ КҲФ БА АҲОЛӢ

ПАЙДО ШУДАНИ ДУ ҶАСАД ДАР ОБҲОИ КИШВАР: ЯКЕ ДАР СУҒД, ДИГАРЕ ДАР ХАТЛОН. ЯКЕ 19-СОЛА ДУЮМӢ 12-СОЛА

БУЗУРГТАРИН СӮХТОР ДАР АМРИКО ҲАМОНО ИДОМА ДОРАД