Сел меояд. Чӣ бояд кард? Тавсияҳои КҲФ ба аҳолӣ

Баҳор аст ва маъмулан рӯзҳои боронӣ зиёданд. Боронҳои пуршиддат муҷиби омадани сел мешаванд ва аз ин ҷойи гурез ҳам нест. Ҳар сол селҳои харобиавар ба хоҷагиҳо ва сокинони кишвар миллионҳо сомонӣ зарар меоранд. Ҳодисаҳое ҳам зиёданд, ки одамон хонаву ҷой ва ҷони худро ҳам аз даст медиҳанд. Зарфи ин чанд рӯзи охир боронҳои шадид сабабгори омадани селҳои харобкор дар шаҳру навоҳии кишвар шуданд, ки мутаассифона чандин нафар ҷони худро аз даст доданд. Маҳз борони пуршиддат сабаб шуд, ки ҳудудан 100 га замин дар ...фурӯ равад ва 15 хонаводаро беҷову макон кунад.

Сел ҳам чун ҳамаи офатҳои табиӣ ногаҳонӣ меояд, пас одамон ҳамеша бояд омода бошанд.

Сел – ин омехтаи оби пуршӯр бо ҳама ашёи дигарест, ки сари роҳаш мебардорад, аз ҷумла сангу регу долу дарахт. Сел маъмулан аз кӯҳҳо, дараҳо ба водиҳо ҷорӣ мешавад ва сари роҳаш ҳар чизе ҳаст, мешӯяд ва бо худ мебарад. Сели азим бар асари боришҳои пайваставу дурудароз, об шудани барфҳо ва пиряхҳо, рахна гардидани обанборҳо, заминларзаҳо ва вулқонҳо меояд ва он хатари азим дорад. 

Сел ногаҳон ҷорӣ мешавад, бо суръати басо баланд (то 10 метр дар як сония ва ҳатто бештар аз он) меояд. Муддати даҳҳо дақиқа идома мекунад ва ҳатто баъзан соатҳо меояду меояд. Мавҷи пеши он метавонад то баландии 15 метр боло равад. Садои даҳшатафкани он аз масофаи дур ҳам шунида мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат аз омадани сел дар фасли баҳор ҳушдор медиҳад. Тавсияҳои зер барои коҳиши хатари он аст. 

БА ОМАДАНИ СЕЛ ЧӢ ГУНА БОЯД ОМОДА БУД?

Маъмулан ҷойҳои селгузар ва селомад аз пеш маълуманд. Мардуми кулли манотиқ медонанд, ки бар асари боронҳои шадиду рӯйдодҳои дигари дар боло ёдшуда, маҳз дар куҷо сел меояд ва то куҷо меравад. Пеш аз ба кӯҳ баромадан ин гуна ҷойҳоро омӯзед, ҳангоми боришот аз рафтан ба он роҳҳову пайроҳаҳо ва маҳалҳо худдорӣ кунед. Аз гирдоби сели пурдаҳшат имкони наҷот амалан номумкин аст. Танҳо метавон аз он фирор кард. Пеш аз он ки аз хона хориҷ шавед, аввал ҳама асбобҳои барқӣ ва худи сарчашмаи интиқоли нерӯи барқ ба хонаро хомӯш кунед. Газро низ ва хати интиқоли обро низ бандед. Дарҳо ва тирезаҳоро маҳкам пӯшед, ягон сӯрохи обгузарро боз нагузорем, ҳавокашҳоро низ маҳкам кунед. 

ҲАНГОМИ ОМАДАНИ СЕЛ ЧӢ БОЯД КАРД?

  1. Барои огоҳӣ ва иттилои бештар аз вазъи ҳаво, боронҳои шадид, селҳои эҳтимоливу тармаву ярч ба манбаъҳои иттилоотӣ, аз ҷумла барномаҳои радиову телевизион, сомонаҳои вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ намоед. Сари чанд вақт ба ахбори ҳавошиносон ошно шавед. Маъмулан сомонаи КҲФ ҳамарӯза аз хатарҳои эҳтимолӣ ҳушдор медиҳад.
  2. Аз ҷӯйборҳо, каналҳои пуроб, ки ба зоҳир ором ҳастанд, дур шавед, зеро ба таври ногаҳонӣ сабабгори омадани сел мешаванд.
  3. Дар оби сел дар ҳоли ҷараён ва ҳаракат роҳ наравед, суръати он мумкин аст боиси барҳам хурдани тавозун ва афтодани ногаҳонии шумо дар оби олуда бо лой шавад.
  4. Ба оби сел ҳаргиз ворид нашавед. Эҳтимол дорад ин сел хати неруи барқро шикаста бошад ва оби сел дорои ҷараёни барқ мешавад, ки барои инсон кушанда аст.
  5. Дар маҳалле, ки сел сарозер шудааст, наистед, ҳарчанд ҳаво боронӣ ҳам набошад, шумо басуръат аз минтақа дур шавед.
  6. Агар барои берун омадан аз минтақа ночор ба гузаштан аз оби селоб ҳастед, барои ҳифзи мувозинати худ ва баррасии умқи замин бо кумаки як чӯбдасте ё асо дар оби сел ҳаракат кунед.
  7. Барои ҳифзи эминии худ ҳангоми омадани сел аз пулҳои чӯбии суст бар рӯи рӯдхонаву ҷӯйборҳо нагузаред.
  8. Дар замони бориши шадиди борон ва эҳтимоли воқеъ шудани сел аз арзу соҳили рӯдхонаҳо, каналҳо, ҷӯйборҳо ва пулҳои он убур накунед ва ба зудиву басуръат минтақаи хатарро тарк намоед.
  9. Агар эҳтимоли ногаҳон омадани сел вуҷуд дорад ва манзили шумо дар сари роҳи сел аст, хеле ба зудӣ муваққатан ба минтақаи амн кӯч бандед.
  10. Ҳаргиз вориди селоб нашавед, зеро оби сел ҳар гуна олудагиҳо дорад, ки бархе метавонанд заҳрогин ҳам бошанд.

Барои дарёфти маълумоти боз ҳам муфассалтар ва қоидаҳои дигари бехтарӣ ба мақола ҳам лутфан таваҷҷуҳ фармоед:
 АМАЛҲО БАЪДИ АҶОМИ СЕЛ

Ба зарардидагон ёрӣ расонед ва ба гурӯҳҳое, ки ба тозакунии роҳҳо, лойобаҳо саргарманд, кумак кунед. Агар худи шумо ҷабр дида бошед, талош кунед то расидани кумаки тиббӣ ёрии аввалинро ба худатон расонед. Ҷойҳои харошхӯрдаи баданатонро бояд озод ва дар ҳолати бардоштагӣ нигоҳ доред, то ҷойе имкон ҳаст, ба ҷойи харошхӯрда ва хушоршуда латтаи тар бандед. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар мешавад, ки агар Шумо ба ҳолати фавқулодда рӯ ба рӯ шудед ва бароятон кумак лозим аст, пас фавран бо шумораи 112,

93 880 28 19
23-13-11
занг занед!