Activities calendar

25 апрели 2024

Давраи кутоҳмуддати омӯзишӣ дар ВМКБ

Рӯзҳои 25-26 апрели соли 2024 дар Маркази таълимию методии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ бо иштироки кормандони раёсат ва сарварони шӯъбаҳо, наҷотдиҳандагон семинари омӯзишӣ баргузор мегардад.

Семинарро кормандони Раёсати тиббии КҲФ бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон мегузаронанд.

Тамрини мудофиаи гражаднӣ дар шаҳри Гулистон

23 апрели соли 2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Гулистон, ҷамоати шаҳраки Сирдарё «Рӯзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ бо мақсади тарғиби дониш дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда, такмил ва баланд бардоштани маҳорати амалии хонандагон ва омӯзгорон оид ба рафтор ҳангоми хавфи офатҳои табиӣ ва санҷидани ҳолати омодагии муассисаҳо доир ба мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи: «Заминҷунбӣ» ташкил ва гузаронида шуд.

Ҳалокати як ҷавони 17-сола дар раъду барқ. Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад ЭҲТИЁТ КУНАНД!!!

Рӯзи 23 апрели соли 2024 наздик ба соати 13:30 дақиқа ҳангоми чорвочаронӣ дар чарогоҳи кӯҳӣ як сокини 17-солаи деҳаи Себзори ҷамоати деҳоти Бунҷикати ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд бар асари расиши барқ дар ҷойи ҳодиса ҷон бохт.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо сокинонро аз хатари раъду барқ огоҳ карда буд. Ду рӯз пеш аз аз эҳтимоли борону раъду барқ огоҳӣ додаву аз...

Ҳушдори КҲФ аз омадани селҳо, боронҳои пуршиддат ва ярчу тарма дар чанд рӯзи оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзи 25-уми апрели соли равон ба асари об шудани барфҳо дар манотиқи кӯҳсори Тоҷикистон эҳтимоли омадани селҳо вуҷуд дорад.

Аз 26 то 28 апрели соли 2024 бошад ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст, дар минтақаҳои...