Кумакҳои башарии Тоҷикистон ба сокинони осебдидаи Қазоқистон расид
Чоп шуд: 21/04/2024 | adminИмрӯз, 20 апрели соли 2024 дар шаҳри Саригаши Ҷумҳурии Қазоқистон маросими супурдани кумаки башардӯстона ба аҳолии аз сел осебдидаи Қазоқистон баргузор шуд.
Дар назди ҳозирин Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода суханронӣ кард.